• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол

Забони тоҷикӣ ба сифати рукни давлатсози ҷомеа на танҳо барои давлати Сомониён, балки барои давлатҳои турку муғулу манғит ба сифати забони расмии коргузорӣ хизмат намудааст.Ҳамчунин мутобиқи матолиби сарчашмаҳои таърихӣ забони тоҷикии  форсӣ дар асри IX – X ба ғайр аз мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ, яъне курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, Озарбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асри миёна забони асосӣ ва ҳатто адабиёти ягонаи хаттӣ ба шумор мерафт.Оид ба шаҳомат ва қудрати ин забон файласуфи машҳури олмонӣ Гегел гуфтааст: «Форсҳо – тоҷикҳо нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи форс – тоҷикон оғоз меёбад. Дар байни ин халқ аврупоӣ худро бегона намепиндорад. Дар байни ин мардум садҳо бузургоне ҳастанд, ки агар дастам мерасид, ҳайкали онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбӯси дари онҳо мешудам, зеро агар адабиёти Шарқ намебуд, Аврупо ва Ғарб дар ҳолати сукут буд. Макони тоҷикон дар Суғду Бохтар, Хоразм ва миёни ду дарё - Ҷайҳуну Сайҳун (Сиру Ому) аст. Баромади халқҳои мутамаддини Аврупои муосир аз ин диёри тоҷикон аст». Баҳои файласуфи машҳури олмон Гегел гувоҳи он аст, ки нақши забон ва адабиёти тоҷик дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст. Агар сайри таърихии ин забонро ба риштаи пажӯҳиш кашем дармеёбем, ки забони тоҷикӣ дар раванди таърих рисолатеро иҷро кардааст, ки шояд дигар забон чунин рисолатро ба дӯш надоштааст; агар забонҳои дигар воситаи иртиботу муошират ва рукни давлатӣ бошанд, забони тоҷикӣ дар тӯли таърих нақши муттаҳидии миллат ва зинда нигоҳ доштани онро бозидааст. Тоҷик тӯли ҳазор сол давлат надошт, вале забон дошт, қудрати сиёсӣ надошт, вале забон дошт ва маҳз ҳамин забон ин миллатро аз хатари нобудӣ эмин дошт. Дар замони Шӯравӣ забони тоҷикӣ барои миллати мо василаи асосии давлатсозӣ шуд.

Мутобиқи маълумоти Википедия забони тоҷикӣ - забони модариимардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%) ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиротоҷикони маҳаллӣ дарқисмати аъзаме аз шаҳру ноҳияҳои кишвариӮзбекистон, ба хусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Намангон, Қуқанд ва ҳатто дар шаҳри Тошканд ба ҳайси забони модарии xуд зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳоиБухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардум ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо дар як шаҳриТошканд зиёда аз 1 млн. тоҷикон сукунат доранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 45 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣтоҷикҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 млн.) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугӯ мекунанд, валекин забони худро расман форсӣ - дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худротоҷик ном мебараранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳотоҷикиро балад ҳастанд.

Тайи солҳои охир забони тоҷикиро аз муҳоҷирони миллаташон тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Русия, (ба тариқи расмӣ зиёда 222 ҳазор) ва ҳамчун муҳоҷир зиёда аз 1,5 миллион, инчунин дар шаҳрҳои Эрон, Сурия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада шунидан мумкин аст. Дар маҷмӯъ,порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн. мардум мебошанд. Аммо тамоми порсигӯёни ҷаҳон 222 млн. нафар ҳастанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 45 миллион нафар гап мезананд. Аз ҷиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гуруҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забон муҳимтарин моя, омли бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст, ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Натиҷаи ҳамин сайъу талошҳо буд, ки имрӯз забои тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм, муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон бадал шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгӯи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизионӣ таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омӯзишии зиёд  чоп мешавад. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажӯҳишгаронеро, ки гӯё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро дар замони муборизаҳои шадиди лафзиву равонии ҷаҳони муосир Сарвари давлат ба ин масъада, яъне рушди забон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар ваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ба андешаи мо, ин ба якчанд омилҳо марбут аст:

Аввалан, забон шиносномаи миллат аст ва аз байн рафтани он маънои нобудии миллатро низ хоҳад дошт. Миллати тоҷик баъди салтанати Сомониён беш аз ҳазор сол давлатдор набуд, вале забон дошт ва ҳифзи ин омили муҳим имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароити мусоиди таърихӣ дубора эҳё шавад.

Дуюм, тарғиби адабиёти пурғановати тоҷик, осори ниёгони мо, анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ маҳз бо воситаи забон сурат мегирад, ба ин хотир, ҳизфи забон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа низ мебошад.

Сеюм, дар замони муосир забон афкори миллиро ташаккул медиҳад ва аз ҷониби дигар, василаи таъсиррасон ба афкори ҷомеа аст. Ғасби фазои расонаӣ, роҳандозии набардҳои равониву лафзӣ, тарғиби идеологияи ғайр тавассути забон сурат мегирад ва бесабаб нест, ки расонаҳои хориҷӣ барномаҳои тарғиботии худро ба забони тоҷикӣ таҳия намуда, ба рӯҳияи мардум таъсир мерасонанд. Дар ин росто, бо ташаббуси Сардори давлат пеш аз ҳама фазои расонаии мамлакат бо барномаҳои тарғибкунандаи забон, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ мукаммал гардонда шуд. Арзи ҳастӣ намудани шабакаҳои нави радио ва телевизионӣ, агар аз як тараф, барои рушд ва тақвияти забони миллӣ  мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои дар рӯҳияи солим ташаккул додани афкори миллӣ нақш мебозанд.

Чаҳорум, забон василаи сохтани ҳувияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бадин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими ӯ соли 2008 Соли бузурдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд.

Солҳо мегузаранд, Тоҷикистон рушд мекунад, зиндагӣ низ пурфараҳ  хоҳад шуд, вале кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба забони миллӣ, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда, аз нав ба мақоми давлатӣ нишонидани забони тоҷикӣ аз ёди башарият фаромӯш нахоҳанд шуд. Сиёсати забонии Сарвари давлат сиёсати эҳёи дубораи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст.

 

 Саидмуроди Хоҷазод,
доктори илмҳои филология
Ҷумъаев Ҷ.Ҷ.
ассистенти кафедраи забони тоҷикии
умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи С. Айнӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj