• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Истиқлолият ва забони тоҷикӣ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба маснади забони давлатӣ расид ва мақоми расмиро соҳиб гардид. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва коргузории ҳама гуна муассисаю ташкилот, макотибу таълимгоҳҳо, донишкадаю донишгоҳҳо ба воситаи забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ифодаи дигар, барои рушду такомули забон заминаи мувофиқ ба вуҷуд

омадааст. Гуфтан мумкин аст, дар ҷумҳурӣ дигар омиле вуҷуд надорад, ки пеши роҳи рушду такомули забони тоҷикиро гирад ва ба инкишофу пешрафти он халал ворид намояд.

 

 

Мутаассифона, ҳоло ҳам дар масъалаи тарзи омӯзиш, муносибату муошират, тариқи азхудкунӣ, рафти коргузорӣ ва боз дар чанд паҳлуи дигари забони модариамон камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки ислоҳи таъҷилиро тақозо доранд.

Пӯшида нест, ки имрӯз аксар бо забони сода ва авом ҳарф мезананд, ки ин ҷаззобияти забони бои моро аз байн мебарад. Ҳоло ҳам забони гуфтугӯии ҷавонони мо махлут, яъне олудаи забонҳои дигар аст ва ин раванд идома дорад. Аснои гуфтугӯ ба хотири худнамоӣ аксари онҳо дар ибтидо бо тоҷикӣ ва баъд бо забони шикаста ва хатою номафҳуми русӣ ҳарф мезананд, ки ин ҳусни ҳарду забонро мекоҳонад. Аз ин, пеш аз ҳама, забони модарии мо зарар мебинад. Меъёр ва қонуниятҳои забон, ки ҳазорсолаҳо боз риоя шуда омадааст, имрӯз аз ҷониби ин гурӯҳи бесавод ва бесалоҳият поймол мегардад. Ин бесалоҳиятӣ ҳамоно идома дорад. Чизи аз ҳама бад он аст, ки дар қиболи ин падидаи номатлуб ҷомеа бетарафиро ихтиёр кардааст ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё касе кӯшиши ислоҳ кардани вазъро намекунад. Мебояд дар ин гуна мавридҳо ҳар як соҳибзабон нуқтаи назари худро иброз намояд, эътироз баён кунад. Онҳое, ки нисбат ба забони модарӣ ва забони давлатии худ муносибати ношоистаро раво мебинанд, бемуҷозот мемонанд. Аслан, дар ин гуна ҳолатҳо, ки як навъ қонуншиканӣ маҳсуб мешавад, мебояд Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ба кор дарояд ва мутобиқи он гунаҳгорон ҷазо бинанд. Охир, чаро вақте ки ронанда чароғаки сурхро итоат накарда мегузарад, муҷозот мебинад, ё каси дигар, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад, ҷазо мегираду оне, ки қонун дар бораи забонро вайрон мекунад, беҷазо монад?! Бигузор, ҳар касе, ки қоидаҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» - ро вайрон менамояд, мутобиқи ҳамин қонун муҷозот бубинад. Агар ин иқдом сурат бигирад, он барои риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ як такони ҷиддӣ хоҳад шуд. Аз ҷониби дигар, ин барои ҳар як сокини кишвар ҳушдори бузурге мегардад ва минбаъд ҳар шаҳрванд дар муносибат ба забони давлатӣ масъулият эҳсос мекунад.

Имрӯзҳо ба шаҳри зебои Душанбе, ки пойтахти Ватанамон аст, сайёҳони зиёде аз мамолики хориҷ ворид мегарданд ва аз зебоиҳои нотакрори он баҳравар мегарданд. Аммо афсӯс, ки дар ин шаҳри зебою муқтадир садҳо номҳои номувофиқ ва дағалу бемаънӣ, шиору овезаҳои бемаврид дар қади роҳҳо ва дар пештоқи дӯкону мағозаҳо ба назар мерасанд, ки ҳусни шаҳрро мекоҳонанд.Чунончи, солҳост, ки дар пешайвонҳои ошхонаҳо бо ҳарфҳои калон менависанд. Ошхонаи миллӣ. Шумораи ҳамин гуна ошхонаҳо танҳо дар шаҳри Душанбе аз сад адад беш аст ва маҷмӯан дар кишвар аз ҳазор ҳам мегузарад. Оё ин ошхонаҳо, воқеан ҳам, ошхонаи миллиянд? Ин ҷо аз бесаводии масъулин қоидаи забон риоя намешавад. Ин маврид чунин бояд навишт: Ошхонаи хӯрокҳои миллӣ. Тафриқа миёни ифодаҳои «Ошхонаи миллӣ» ва «Ошхонаи хӯрокҳои миллӣ» аз замин то осмон аст.

Дигар масъалаи  доғи рӯз истифодаи суханҳои қабеҳ ва дашном дар муошират аст.Оила дар тарбияи фарзандон метавонад таъсири манфӣ ё мусбӣ гузорад. Муносибат, эҳтиром, фарҳанги воло доштан, ба суннатҳои неки ниёгон арҷ гузоштан, забонро аз бадгӯӣ ҳифз намудан аз омилҳои муҳим дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ буда, саргаҳи он оила ё хонавода ба ҳисоб меравад. Фарзандон идомадиҳанда ва пайгиркунандаи анъанаҳои оилаи хешанд. Аз ин рӯ, дашном, ҳақорат, суханҳои қабеҳро чун бузургони хонавода ба забон меоранд, фарзандон онро пайгирӣ мекунанд ва таъсири он ба муҳити беруна, ба фарзандони дигар хонаводаҳо низ мерасад. Гузаштагони арҷманд ва баруманди мо мактаби хеле бузургеро бо номи тарбияи хонавода дар рӯзгор роҳандозӣ карда буданд ва мудом даъват аз эҳтироми арзишҳои неки суннатии ниёгонро доштанд (аз ҷумла, назди фарзанд бо эҳтиром сухан гуфтан, забонро аз алфози бад нигоҳ доштан). Имрӯз ин анъанаҳои некро идома бояд бахшид.

Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки истифодаи каломи қабеҳ хашму ғазабро паст мекунад ва аз баъзе филмҳои амрикоиву русӣ мисол меоранд, ки дар онҳо низ ҳақорат истифода мешавад. Истифодаи калимаи қабеҳ хашму ғазабро паст намекунад, зеро аз нигоҳи равоншиносӣ низ инсон баъд аз пош додани қаҳру ғазаб дер боз ақли худро идора карда наметавонад. Ҳатто, ин ҳолат инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Дар тафсири яке аз ҳадисҳо Саҳеҳи Бухорӣ фармудааст:«Шахси ғазаболуд ҳамавақт мағлуб аст». Ҳақ бар ҷониби ин мутафаккири бузург аст.

Забон ва фарҳанг ду омили миллатсозанд. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони тоҷикӣ яке аз аҳдофи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамаи мо, ба вижа, ҷавонон бояд дар татбиқи ин ҳадафи ватанпарварона ҳиссагузор бошем.

Ҳусейн Алиев, донишҷӯи соли 3-юми факултаи биология

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj