• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Тоҷикистон-сарзамини обшор

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои зиёди табиӣ буда, яке аз ин сарватҳои пурарзиш об ба ҳисоб меравад. Оби тоза ба мисли нефту газ, маъдану сангҳои қиматбаҳо сарвати бебаҳои миллист ва мо бояд ба қадри ин неъмати Худодод бирасему барои афзун намудани он саъю кӯшиш намоем. 64 фоизи оби тозаи Осиёи Марказӣ дар кишвари мо ҷорист. Захираи оби Тоҷикистонро пиряху кӯҳҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил мекунанд. Захираҳои оби диёри мо ду намуданд: захираҳои оби абадӣ (оби қабатҳои чуқури замин, пиряхҳо, кӯлҳои калон ва ғайра) ва захираҳои оби барқароршаванда (оби дарёҳо, захираҳои тағйирёбандаи обҳои зеризаминӣ, як қисми оби кӯлҳо ва ғайра). Ин захираҳо аз ҳам вобастагии сахт доранд. Масалан, агар захираҳои абадӣ аз меъёр зиёд истифода бурда шаванд, ин ба захираҳои барқароршаванда таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз сарчашмаҳои оби тоза дар кишвари мо дарёҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 30 км мавҷуд буда, ҳамаи онҳо кӯҳианд. Дарозии умумии ин дарёҳо қариб 30 000 км аст. Дар давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон беш аз 60-61 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон Сир, Аму, Зарафшон, Вахш, Бартанг, Панҷ, Кофарниҳон, Қизилсӯ мебошанд. Дарёҳои Сиру Аму, Зарафшону Вахш беш аз 500 км дарозӣ доранд. Обҳои дарёҳои Тоҷикистон ҳам барои нӯшидан ва ҳам барои обёрӣ истифода мешаванд. Ғайр аз оби дарёҳо сарчашмаи дигари обҳои тоза барои сокинон, махсусан, дар шаҳрҳо обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ин обҳо дар қисми болои замин (то чуқурии 12-14 км) дар ҳолати моеъ, сахт (ях) ва буғ вомехӯранд. Обҳои зеризаминӣ аз рӯи ҳолату хусусиятҳо ва таркиби худ моддаҳои гуногуни химиявӣ, моддаҳои гуногуни органикӣ, газҳо доранд. Дар қаламрави кишвари мо захираҳои калони обҳои зеризаминӣ мавҷуданд. Обҳои зеризаминӣ он обҳое мебошанд, ки миёни қабатҳои обногузари хок дар чуқурии гуногун захира мешаванд. Азбаски қабатҳои обногузар обҳои артезианиро боло баромадан намемонад, онҳо ҳамеша таҳти фишор қарор доранд. Ин аст, ки дар вақти кофтани чоҳ зуд боло мебароянд ва дар он ҷойҳое, ки фишор аз ҳад зиёд аст, ҳатто фаввора мезананд.

Аҳолии шаҳри Душанбе ҳам аз оби дарёҳо ва ҳам аз обҳои зеризаминӣ (артезионӣ) истифода мебаранд. Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи нарасидани оби тоза ҳарчанд дар кишвари мо чандон эҳсос намегардад, вале роҳбарияти кишвар ба ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, зикр менамояд, ки ин проблема барои тамоми аҳолии сайёра хеле ҷиддист. Айни замон баҳру дарёҳо, кӯлу пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти обанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон аксаран бе исроф, бе ояндабинӣ истифода мешаванд. Масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об паст мешавад, миқдори обе, ки барои таъминоти эҳтиёҷоти инсон лозим аст, сол ба сол кам мегардад. Мо бояд захираҳои оби худро мафҳуз дорем ва истифодаи оқилонаи онро омӯзем, то дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад. Проблемаи марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд, зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, кам ё беш ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мутааллиқ аст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018-2028-ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Ин иқдом бешубҳа, минбаъд ба ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Сайёд Зубайдов, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj