• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Идораи нашрияи «Омӯзгори ҷавон»

 

 

Сармуҳаррири нашрия Бахтиёри Абдураҳим

 

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзномаи донишгоҳӣ аз соли 1957, аввал ба номи «Педагоги ҷавон» ва ҳоло «Омӯзгори ҷавон» нашр мешавад. Дар ин муддат сармуҳарририи рӯзномаро Я.Исоев, Ю.Сафаров, Б.Худойдодов, А.Пудинаев, А.Муллоев ва А.Худойдодов ба зимма доштанд. Ҳоло сармуҳаррири он рӯзноманигори ҷавон Бахтиёри Абдураҳим мебошад.

Рӯзнома вобаста ба шароит ва талаботи ҷамъият равия ва мазмуни мақолаҳои худро муайян мекунад. Шакли инъикоси маводҳо ҳам ба муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ, маданияти фарҳангии давр вобаста аст. Агар дар як давра ҳаҷв мавқеи калон кунад, дар давраи дигар панду андарз, каломи бадеъ, дар ҳолати сеюм мақолаҳои тамоюли сиёсӣ – идеявӣ дошта ва ғайра. Вобаста ба ҳамин номгӯи гӯшаҳо ҳам дар саҳифаҳои рӯзнома тағйир меёбад.

«Омӯзгори ҷавон» тарғиботчии ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи омӯзгорони ҷавон ба шумор меравад. Донишҷӯёнро дар рӯҳияи дӯстӣ, рафоқат, ҳамраъӣ ва бародарӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳурмат намудани анъана, расму одатҳои пешқадами миллӣ тарбия менамояд. Барои дуруст истифода бурдани вақт, такмили дониш, беҳтар аз худ кардани асосҳои фан кӯмак менамояд. Ҳайати бисёрнафараи омӯзгорону донишҷӯёнро дар рӯҳи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтору кирдори нек, хоксориву некдилӣ, меҳру шафқат ба инсоният ва ғайра тарбия мекунад. Умуман, «Омӯзгори ҷавон» дӯст ва маслиҳатчии донишҷӯён мебошад. Дар давраи мавҷудияти худ ҳазорҳо донишҷӯёнро бо роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намуда, дар ташаккули сифатҳои касбӣ ба онҳо кӯмак кардааст.

Бисёр истеъдодҳои ҷавон қалами худро ба кӯмаки ин рӯзнома ба истилоҳ рост кардаанд, яъне ба камоли истеъдоди худ расидаанд. Чунончи, фаъолияти як зумра адибон ва шоирони машҳури ҷумҳурӣ ба монанди Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Зиё Абдулло, Бобо Насриддин, Убайд Раҷаб, Низом Нурҷонов, ӯрун Кӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибуллоҳи Файзуллоҳ, Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Мӯҳтарам Ҳотам ва дигарон аз саҳифаҳои ҳамин рӯзнома ибтидо гирифтааст.

«Омӯзгори ҷавон» аз рӯзҳои аввали нашр гардидани худ ҳамчун воситаи инъикоскунандаи ҳаёти донишҷӯён дар пешравии кори тарбияи донишгоҳ ва фаъолияти илмӣ эҷодии донишҷӯён нақши бағоят муҳим бозидааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома зери рубрикаҳои «Дар пайраҳаҳои илм», «Пурсед, ҷавоб медиҳем», «Ҷавҳари сухан», «Гуфтор аз камбудиҳо», «Хабарҳо аз Кумитаи Иттифоқи касаба», «Пункти назоратӣ хабар медиҳад», «Гӯшаи шӯрои занон», «Минбари донишҷӯ», «Сухан ба пешоҳанги созмони ҷавонон», «Дар хобгоҳи мо» ва таи чанд соли охир рубрикаҳои наву ҷолииб «Рӯйдод», «Дӯстӣ», «Навгонӣ», Вохӯрӣ», «Эътироф», «Низоми кредитӣ», «Ситоиш», «Ҳушдор», «Меҳмонхона», «Дар сӯхбати аҳли ҳунар», «Минбар», «Назарпурсӣ», «Илҳом», «Сӯҳбати ихтисосӣ», «Варзиш», «Тантана», «Муаммо», «Фароғат» ва ғайра чӣ мақолаҳо чоп шуда, муваффақияту камбудиҳои дар кори таълиму тарбия ва ҳаёти донишҷӯён ҷойдоштаро ошкор карда, барои ислоҳи онҳо тавсияҳо додааст.

Баромади намояндагони раёсат, иттифоқи касаба, созмони ҷавонон ва мухбирон дар саҳифаҳои рӯзнома дар ташкили кори таълиму тарбияи ҷавонон ҳамчун дастур хизмат мекунад. Дар саҳифаҳои рӯзнома зери рубрикаи «Мавлуд муборак», бахшида ба зодрӯзи устодони донишгоҳ мақолаҳо чоп шуда, тавассути он донишҷӯён аз ҳаёту фаъолияти устодон воқиф гашта кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо пайравӣ намоянд.

Бо ақидаи хонандагони фаъоли рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» ва навқаламони он, дар рафти мутолиаи доимии рӯзнома нутқи хаттии донишҷӯён инкишоф ёфта, малакаю маҳорати эҷодкорӣ ва ташкилотчигӣ паёдо мешавад. Дар зери таъсири рӯзнома кас ба зиммаи худ масъулияти зиёд гирифта, мустақилу қавиирода мешавад. Дар баробари ин вақташро дуруст тақсим карда, онро самаранок истифода мебарад. Дар онҳо фикри эҷодӣ инкишоф ёфта, доираи ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад ва дигар сифатҳои шахсияшон ташаккул меёбад. Аз нашри чакидаҳои қаламашон дар саҳифаҳои рӯзнома рӯҳбаланд гардида, завқи илмдӯстӣ ва эҷодкорӣ бедор мешавад, ки ин ба таҳсили пурсамари онҳо ҳам кӯмак мерасонад. Шиносоӣ ба ҳар як мақола, шеъри хуб, маслиҳатҳои муаллимон ва кормандрони рӯзнома ба инкишофи ҳаматарафаи донишҷӯёну навқаламон, интихоби роҳи дурусти зиндагӣ роҳбаланд мегардад.

Махсусан мавриди зикр аст, ки таи ду-се соли охир рӯзнома ба комёбиҳои назаррас ва чашмгир ноил гашт. Сифат, мӯҳтаво, ороиш, чоп, паҳнкунӣ, ки ҳама дар маҷмӯъ ба хотири фаъолияти боз ҳам беҳтару бештари нашрияи донишгоҳӣ равона шудаанд, дар сатҳи комилан нав пешкаши хонандагон гардид. Роҳбарияти донишгоҳ зарурати таъсиси дубораи ин рӯзномаи нимасраро сари вақт ва дуруст пай бурда, барои фаъолияти пурсамари он шароитҳои мувофиқро муҳайё намуд. Ҳоло рӯзнома моҳе ду-се маротиба бо сифату муҳтавои баланду хонданӣ нашр мешавад. Акнун ҳам донишҷӯён ва ҳам устодон бе муболиға ҳар шумораи нашрияи донишгоҳиро интизоранд, ки ин худ дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда муваффақияти калон аст.

Ин далелҳо ҳам гувоҳи онанд, ки рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» дар ҳаёти донишҷӯён чӣ мавқеъ дорад. Дар шароити сохти нави демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибистиқлол дар назди рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» вазифаҳои нав – баланд бардоштани сифат ва самараи кори таълиму тарбия меистад. Боварӣ дорем, ки ҳайати имрӯзаи рӯзнома бо сари баланд аз иҷрои ин вазифаи пурмасъулият ҳам мебарояд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru