• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Пешвои миллат-Ҳомии суботу амният

9-уми декабри соли 2015 Қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз ҷониби намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин қонун, пеш аз ҳама, дар заминаи талаботи худи ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба миён омад, зеро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи таъмини субот, таъмини оромӣ, рушд ва пешрафти ҷомеа, нақши асосӣ ва муҳим доранд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки ин қонун далели барҷастаи арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва оромии Ватани мост.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», аслан, ба як воқеияти кайҳо вуҷуддошта расмияти ҳуқуқӣ бахшид. Халқи тоҷик пештар аз қабули ин қонун Роҳбари муаззами хешро Пешво медонист.

Яъне, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти сиёсию давлатӣ ва дар натиҷаи хидматҳое, ки барои давлат ва ҷомеаи мо ба ҷой овардаанд, кайҳо боз барои халқи азизи хеш ҳамчун Пешвои миллат мавқеъ доштанд. Аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, даргириҳои сиёсию парокандагӣ ва нестшавӣ раҳонидани мардум ва ба сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва дастовардҳои назаррас расидани миллат-ҳамаи инҳо пайомади заҳмат, кӯшиш ва талошу ҷадалҳои Президенти муҳтарами моанд. Хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик дар муҳити осоишта зиндагӣ мекунанд.

Пешвои миллат донистани Президенти муҳтарамамон хостаи дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин, ҳамватанони бурунмарзии мост, ки инак, бо ҳукми қонун дароварда шуд. Мардуми тоҷик заҳмату талошҳои фидокоронаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт хуб эҳсос менамоянд ва ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи ин нобиѓаи арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, поягузори давлатдории навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд. Ҷомеаи имрӯзаи мо шукр аз он мекунад, ки чунин давлати орому осоишта дорад ва ин ҳама аз баракати заҳматҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, поягузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Фирӯза Маҳмудова

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj