• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДГАРО ВА ХАВФИ ОН БА ҶАВОНОН

Ин таҳқиқот барои муайян намудани роҳҳои пешгирии низоъу муноқишаҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин ҷаҳонӣ, ки бо афзоиши нақши сиёсии ислом вобастагӣ дорад, ҳамчунин барои пайдо намудани имкони ҳамзистии осоиштаи арзишҳои дини ислом ва арзишҳои ҷаҳонишавӣ нигаронида мешавад. Яке аз омилҳои муҳими пешбарандаи ҷомеа чӣ дар таърих ва чӣ дар замони муосир дин маҳсуб мешуд. Дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои (ташкилотҳои)  динӣ аз давлат ҷудо аст. Давлати мо барои иттиҳодияҳои динӣ замин ҷудо мекунад ва ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба ҳамдигар муттаҳид шуда дастҷамъона ибодат намоянд. Барои ҳамин ибораи конститутсионии ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат, ин маъно надорад, ки дин аз давлат ҷудо аст, балки халалдор накардани фаъолияти якдигар аст. Давлат имконияти озоди мавҷудияти динҳоро дар ҷомеа таъмин менамояд. Мо бояд фаромуш накунем, ки арзишҳои исломӣ бо фарҳанги мо зич алақаманд аст, як воситаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва динии мо аз ҷаҳонишавии беҷо дар замони муосир маҳсуб мешавад. Бо дастгирии Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати истиқлолият дар кишвари мо арзишҳои динӣ ҳамчун арзишҳои олии умумиинсонӣ мақому манзалат касб намуда аз дигар тараф ҳаёти ҷомеаро адолатнок танзим менамояд. Президенти мамлакат барои зинда намудани номи бузургони фарҳанги исломӣ, чопи асарҳои илмӣ ва динии тамаддуни исломӣ хизмати босазое кардааст. ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз намуда озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад. Аз сабаби маърифати комили дини надоштани ҷавонон баъзе аз онҳо шомили ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро мегарданд. Ин нишон медиҳад, ки чунин гуруҳҳои иҷтимои афроде мебошанд, ки омехтагии донишҳои сиёсӣ ва диниро дар дохили ҳаракатҳои экстремистӣ ба дигарон талқин мекунанд.

Х. Камолова, дотсенти кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj