• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаву ҳамкориҳои дуҷониба 15-уми майи соли ҷорӣ аз якчанд муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла Александр Жук – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк, Николай Лебедев – муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Мозир ба номи И.П.Шамякин, Олег Романов – муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала, Албина Давидович – сардори идораи таҳсилоти томактабии Вазорати маорифи

Ҷумҳурии Беларус ва дигар намояндагон ба донишгоҳи мо ташриф оварданд.

Ректори таълимгоҳ академик Носирҷон Салимӣ зимни мулоқот аз ташрифи меҳмонон, ки дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сурат гирифт, изҳори сипос намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид намуд, ки мулоқоти имрӯза боз як саҳифаи тозае дар эҷоди муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳи мо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин ҷумҳурии ба мо дӯст мебошад.

Дар навбати худ Александр Жук аз истиқболи гарми мизбонон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ояндаи ҳар як халқу давлат, пеш аз ҳама, аз омӯзгор вобаста аст ва мо кӯшиш менамояем, ки зимни ҳамкориҳо ва муносибатҳои мутақобилаи амалӣ сатҳи касбии донишҷӯёну омӯзгоронро боло бардордем. Дар ҷаласа дастовардҳои донишгоҳи ба номи Максим Танк тариқи тахтаи электронӣ муаррифӣ шуданд. Ҳамчунин, Николай Лебедев аз донишгоҳи Мозир ва Олег Романов аз донишгоҳи Гродно зимни муаррифии муассисаҳои худ оид ба дурнамои ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд.

Дар анҷоми мулоқот миёни донишгоҳи мо ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк шартномаи дуҷониба оид ба таҳсилу таҷрибаи донишҷӯёну омӯзгорон ба имзо расонида шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj