• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Таҷаммӯъ - баёнгари воқеияти рӯз

Тазоҳуроти эътирозии гурӯҳе аз мардуми Тоҷикистон, ки ахиран дар назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе санаи 21 майи соли ҷорӣ доир гардид, чанд масъаларо ба дунбол дорад:

Аввал ин ки ҳама гуна тазоҳуроти худҷӯш бозгӯкунандаи воқеиятҳои рӯз буда, фаротар аз муҳит ва фазои сиёсӣ нестанд. Аз ин ҷост, ки бо тазоҳуроти худҷӯш ба таври муътадил бархӯрд бояд кард.

 

Дувум ин ки ҳар тазоҳурот иллат сабаби худро дорад. Сабаби асосӣ дар он зоҳир мегардад, ки даҳ-понздаҳ соли ахир доираҳои  махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиҳати роҳандозӣ намудани барномаҳои вижаи сиёсӣ ва геополитикӣ аз созмонҳои сиёсии динӣ-мазҳабӣ – ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ истифода бурда, авзои муташанниҷро дар минтақа ба вуҷуд оварданд. Дар зимн, гурӯҳи тазоҳуркунандагон аз доираҳои мардуми одӣ буданд, ки аз ноадолатиҳои сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи ҷумҳурӣ (дар мисоли дастгириҳои созмони наҳзатӣ) норизоияти худро баён дошта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти пешомада садо баланд карданд. Аз тарафи дигар, онҳо ҳаққи эътироз ва тазоҳурро дар баробари мушкилоте, ки русух кардааст, доранд ва ҳамчун шаҳрванд вазифаи худро адо мекунанд.

Севум ин ки бозиҳои сиёсие, ки тайи солҳои 2010-2015 дар мисоли ТЭТ ҲНИ минтақаро фаро гирифт, беҳадаф набуданд. Кумаку дастгириҳои молиявӣ ва маънавии ин ташкилоти террористии  қудратталаби динӣ (албатта, аз ҷониби доираҳои махсуси хориҷӣ) боиси буғранҷ гардидани вазъият ва тадриҷан нуфуз пайдо кардани хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ гардид. Ин ҳолатро, ки онро метавон карахтии фикрӣ ва фақри маънавӣ унвон кард, мардум ва махсусан, табақаҳои иҷтимоии фаъол сари вақт дарк кард ва алайҳи ҷараёни таассубшавӣ қад алам намуд. Ин навъи вокунишро солҳои қаблӣ ҳам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст ва гурӯҳҳое аз мардум дар назди сафоратҳои марбута таҷаммӯъ карда, ба масъулини сафоратҳо талабот манзур месохтанд. Яке аз талаботҳои онҳо ба масъалаи баргардондани толибилмони тоҷикистонӣ аз муассисаҳои динии эронӣ ба ватан дахл дошт. Зеро мардум фаҳмидааст, ки ҷавонон дар чунин муассисаҳо аз тарафи доираҳои мазҳабӣ (мударрисини мутаассиби шиӣ) мағзшуӣ мешаванд ва натиҷатан, табдили мазҳаб мекунанд. Мунтаҳо, ин қабил толибилмон оқибат ба афроди ифротӣ ва мутаассиб табдил меёбанд ва ба рушди тадриҷии давлат ва ҷомеа халали ҷиддӣ ворид месозанд.

Чаҳорум ин ки садои тазоҳуротгарон, асосан рӯйи ин хатти меҳварӣ чарх мезанад – доираҳои марбутаи режими Ҷумҳурии исломии Эрон аз дахолат кардан дар умури дохилии кишвари Тоҷикистон даст бардоранд. Мардуми тазоҳургар дар чанд соли охир шоҳиди дахолати «дастандаркорон»-и пружаҳои наҳзатӣ дар кишвар буданд ва ин масъала онҳоро бетараф нагузошта, саранҷом ба баргузор намудани намоишҳои эътирозӣ дар назди сафорати ҶИЭ водор сохт. Сармоягузориҳои барномаҳои наҳзатӣ ба василаи кумак ба ташкилотҳои сиёсии динӣ (дар мисоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи террористии наҳзати исломӣ) ва аз ин тариқ дахолат кардан дар умури сиёсии кишвар на танҳо авзои сиёсиро дар минтақа муташанниҷ кард, балки таниш ва шикофро дар миёни табақоти иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Ин аст, ки мардум ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба худ иҷоза медиҳанд, эътирозоти худро дар шакли тазоҳуроту таҷаммӯот ба намоиш гузоранд ва аз мақомоти марбутаи сафорат талаби ислоҳи вазъ намоянд.

Панҷум ин ки тазоҳургарон, ки аз лиҳози синнусолӣ ба наслҳои ҷавон, миёнсол ва солдида иртибот доштанд, ҳамагӣ аз масъулини сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон тақозо намуданд, ки  аз дахолат дар умури дохиликишварӣ даст бардоранд ва ба масири рушди мамлакат латма ворид насозанд. Латма дар масири рушди кишвар, пеш аз ҳама, аз кумаку дастгириҳои доираҳои муайяни режими ҷумҳурии исломӣ ба раҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ иборат аст. Аз ин лиҳоз, тазоҳургарон шиорҳое сар медоданд, ки ба раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва шахси Кабирӣ дахл доштанд.

Шашум ва ниҳоят ин ки нуқтаи эътирози мардуме, ки аз сиёсатҳои як давлати бегона норизост, сафорат маҳсуб меёбад ва бар ин асос, таҷаммӯъгарон назди сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷамъ шуда, эътирозоти худро унвони масъулини сафорат рӯйирост иброз доштанд. Чунин навъи тазоҳурот ҳаққи қонунии ҷомеа аст ва ҳар ҷомеае, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ба сар мебарад, аз ин ҳаққи қонунии худ истифода мекунад. Гузашта аз ин, тазоҳурот барои ҳалли мушкилоти сиёсии мамлакат зарур аст ва бозгӯкунандаи воқеияти рӯз мебошад. Бинобар ин, ба он ҳамчун ба воқеияти рӯз баҳо бояд дод.

 

Шариф  Самад,

омӯзгор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj