• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Сиёсати хатои режими охундӣ

Тоҷику  тоҷикистониён ҳамеша дар пиндору боварҳои хеш аз мардуми Эрон ба ҳайси як бародари ҳамзабону ҳамфарҳанг ёд мекунанд. Аммо мутассифона сиёсати пешгирифтаи режими ин кишвар, на аз зовияи бародарӣ ва ҳамфарҳангиву ҳамзабонӣ, балки аз зовияи худхоҳӣ ва тавсеаталабӣ ба роҳ монда шудааст, ки мехоҳад тавассути таблиғи идеологӣ ба воситаи ташаккулаи терористии сармоягузорӣ намудааш -ҲНИ инқилоби исломиро ба Тоҷикистон интиқол намояд. Ин шева ҳарчанд аз солҳои аввали Истиқлолият, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ тавъам буд ва дар он даст доштани сиёсатҳои тавсеаталабонаи режими охундӣ  муайян шуда буд, вале пас аз ризоияти миллӣ гумон мерафт, ки шеваҳои муносибати режими он кишвар тағйир хоҳад хурд.

 

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон равобит байни Теҳрону Душанбе  ба нармиш рӯ овард ва зина ба зина робитаҳо бисёр ба сатҳи баланд ба роҳ монда шуданд. Зеро роҳбарияти олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо расидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ тамоми номутаносибии равобити пешинаро яксӯ гузошта муносибатро аз варақи сафед оғоз намуданд.  Дар пиндори тоҷику Тоҷикистонӣ Эрон чӣ аз лиҳози забониву фарҳангӣ ва чи аз лиҳози таърихӣ кишвари хеле наздик қабул гардида буд. Мардум умедвор буданд, ки муносибати Эрон  нисбати Тоҷикистон  дар чорчӯбаи  манфиатҳои мутақобилан судманд ва дӯстона сурат мегирад.

Мутаасифона доираҳои манфиатдори он кишвар  барои таҳкими нуфузи худ ва татбиқи манфиатҳояшон аз воситаҳои ғайри қобили қабул  истифода намуданд. Аз як тараф таблиғ намудани исломи сиёсии вилояти фақеҳ ва таблиғи ташаюъ,  ки бар зарари манфиатҳои миллии Тоҷикистон буд, аз ҷониби онҳо ба роҳ монда шуд. Кудатои нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015, ки бо дастгирии раёсати ТТЭ ҲНИ тавассути  Назарзода ба вуқӯъ пайваст, тибқи  санаду мадракҳо аз ин кишвар  маншаъ мегирад.  Аксари таҳлилгарон низ онро кори дасти охундҳои  эронӣ арзёбӣ карданд.

Албатта пеши роҳи ин балвои навбатии онҳо гирифта шуд, зеро набояд хатои солҳои 90-уми асри гузашта, ки бо дастгирии ин режим   ТТЭ ҲНИ ҷанги шаҳрвандиро ба роҳ андохт, дубора такрор мешуд.

Ғайр аз ин ба  конфронси исломии моҳи декабри  соли 2015, ки дар Теҳрон баргузор шуд раиси ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ эълоншуда ва мамнуи ҲНИ-ро  даъват намуданд.   Ҳамчунин дидору гуфтугӯи ӯ бо роҳбари он кишвар - Алии Хоманаӣ баргузор гардид. Бе шак чунин навъи рафтори Теҳрон боиси нигаронӣ гардид. Ҳар кишваре дар ҷойи Тоҷикистон мебуд, ба чунин амали режими ҶИЭ ҳамин тариқ вокуниш мекард. Зеро дар муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабону ҳамфарҳанг чунин навъи рафтор ғайримантиқӣ ва ғайриоқилона ба назар мерасад. Тавре аз таҳлилҳои боло бармеояд, таъсиргузорӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97, дастгирии ТТЭ ҲНИ ба ҳайси як қувваи таъсиргузор ва тавассути он кушиши барпо намудани инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон ва аз амсоли ин шеваҳои муғризона аз амалҳое буданд, ки муҷиби онҳо сиёсатҳои тавсияталабии режими охундист. Чунин муносибат масали мардумии «дар ҷомаи дӯст кори душман кардан»-ро ба ёд меоварад.

Амалҳои муғризонаи ҶИЭ боиси он гардидааст, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз усули  тавсеаталабӣ ва интиқоли инқилоби исломӣ ба кишварҳои дигар тавассути дахолат намудан ба корҳои дохилии ин кишварҳо огоҳ гардидаанд. Ҳамин аст, ки равобити хориҷии ин режим имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон на ба кишварҳои ҳамҷавор ва на ба кишварҳои дур мутаносиб ва мавзун нест. Ҳамчунин бошандагони ин кишварҳо, ва махсусан кишварҳои минтақа аз сиёсатҳои хашин ва дахолтпазирии ҶИЭ дар корҳои дохилии кишварҳои дигар, ки боиси вайронӣ ва ҷангу харобӣ гардидаанд ба ваҳшат омадаанд. Тазоҳуроти дар назди Сафорати ин кишвар дар Душанбе баргузор гардида натиҷаи  ҳамин сиёсат аст. Мутассифона ин сиёсати хашини режим дар зеҳнияти мардуми тоҷик, ки мардуми ин кишварро ба ҳайси бародар медонист, низ як навъ дилсардиро  ба вуҷуд овадаанд.

И. Шарифзода

омӯзгор, номзади улуми фалсафа

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj