• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ХОРӢ ЗИ ТАМАЪ ХЕЗАДУ ИЗЗАТ ЗИ ҚАНОАТ…

Дар паёми Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2017 оид падидаи номталуби давр, яъне ришваситонию дигар корҳои коррупсионӣ омадааст: «Мо диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мекунем, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд.

Соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст.

Аз ҷумла, содир шудани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, судҳо ва бонкҳо бештар ба қайд гирифта шудааст.

Содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар муқоиса ба соли 2016-ум 25 фоиз афзудааст.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.»

Тавре мушоҳида мешавад, дар баромади Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм дар ҷойи аввал  зикр гаштааст.

Тамаъҷӯӣ, озмандӣ, ришваситонӣ, рибо аз қадим боз дар адабиёти олам мавриди баррасии суханварон қарор гирифта, маҳкум шудааст. Вожаи «тамаъ» арабӣ буда, дар асли луѓат ба маънии ҳарисона ба чизе чашм дӯхтан, оз, чашмдошт, умеди хом меояд. Дар хатти арабӣ калимаи «тамаъ», ки миёни ҳар се холӣ ва бенуқта аст. Дар зарбулмасалҳои халқӣ омадааст, ки «Тамаъро се ҳарф аст, ҳар се тиҳӣ», яъне киноя аз беҳосил ва бефоида будани ҳар тамаъ. Ҳамин маъниро Салмони Соваҷӣ дар байте чунин овардааст:

Канори ҳирс, дило, пур куҷо тавонӣ кард

Ту аз тамаъ, ки се ҳарфи миёнтиҳӣ афтод.

Ҳамаи нороҳатӣ, хиҷолатмандӣ, рангзардӣ, муҳтоҷӣ аз тамаъ сарчашма мегирад, барои ҳамин ҳам ҷавонмард бояд сари тамаъро бибурад:

Тамаъ орад ба мардон рангзардӣ,

Тамаъро сар бибур, гар мардӣ мардӣ! (Носири Хусрав)

Саноии Ѓазнавӣ инсонеро, ки пойбанди ҳирсу оз шуд ба заре монанд мекунад, ки дар даҳони гоз (қайчӣ) мебошад:

Ту, ки дар банди ҳирсу оз шудӣ,

Ҳамчу зар дар даҳони гоз шудӣ. (Саноӣ)

Дар ин байти Саноӣ вожаи «Оз» қобили мулоҳиза аст. Дар шеъру адаби мо вожаи «оз» баробари тамаъу ҳирс муродиф шуда меояд, аммо дар асотири гузашта номи дев мебошад. Дар «Аваасто» «Озӣ» деви ҳирсу тамаъ аст. Дар «Бундаҳишн» Оз девест, ки ҳама чизро фурӯ барад ва агар чизе насибашнашавад, худро бихӯрад. Ва агар тамоми амволи ҷаҳон ба ӯ дода шавад, сер намешавад. Ин дево муҳимтарин ҳамдасти Аҳреман дар набард бо Аҳуромаздо шинохта шудааст. Оз ба масобаи дарахтест, ки разоили дигар ба монанди хашму рашк шохаҳои он ҳастанд ва маҷмӯи ин сифот, ки мӯҷиби ситамкории яке бар дигарест, одамиро ба пуштибонии Аҳреман аз ёрии хайр дур мекунад.

Машав он ҷо, ки донаи тамаъ аст,

Зери дона нигар, ки доми балост! (Масъуди Саъд)

Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» боби алоҳидае «Дар фазилати қаноат» дорад, ки дар ин боб матолиби ҷолибе дарҷ гардидааст. Ҳикояи «Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр» ба ҳама маълум аст.

Дидаи аҳли тамаъ ба неъмати дунё

Пур нашавад, ҳамчунон ки чоҳ ба шабнам (Саъдӣ)

Шайх Саъдӣ дар як байти хеле барҷаста афзалияти қаноатро бар тамаъ зикр карда менависад:

Ҳаст зери фалаки гарданда,

Қонеъ озодаву томеъ банда. (Саъдӣ)

Инсон чун афзали махлуқот дорои  нафси амора мебошад. Ба нафси амора ҳамаи хоҳишу ҳавсҳои нафсонӣ аз хӯрдани нӯшидан сар карда дигар лаззатҳои ҷисмонӣ дохил мешаванд. Инсони комил танҳо касе шуда метавонад, ки нафсро ба воситаи ақл тасхир намояд ва тобеъ созад. Сайидо менависад, ки

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,

Саг чу шуд девона ӯро метавон занҷир кард.

Нафсро классикони мо ба аждаҳо, дев, саг ва амсоли ин монанд кардаанд. Ҳама чиз бар асари тарбият хуб мешавад, магар нафс, ки ҳар қадар бештар тарбият ёбад бад мегардад. Инсони баднафс ҳарис мешавад ва ин ҳарисӣ ба бадбахтии ӯ оварда мерасонад. Шоири маъруфи асри дувоздаҳ Хоқонии Шарвонӣ дар шеъре менависад:

Аз одамӣ чӣ турфа, ки моҳӣ дар об ҳам

Ҷонро зи ҳирс дар сари кори даҳон кунад.

Тамаъҷӯӣ ва пораситонӣ дар соҳаи маориф ва илм нигаронкунанда аст. Тавре болотар ишора кардем, ин падидаи номатлуб тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта бошад ҳам, барои илму маориф оқибати даҳшатзо дорад. Зеро омӯзгор дар ҳамаи давру замон чеҳраи маънавӣ мебошад ва аз роҳи тарбия марудмро аз кулли аъмоли разила барҳазар медорад. Вақте худи омӯзгор бо афъолу аъмоли бад омезиш дошта бошад, чи гуна каси дигарро роҳнамоию ҳидоят месозад. Ёд дорам замоне, ки мо донишҷӯ будем рафтору кирдори устодонамон бароямон идеалӣ буд. Аз омӯзгор кирдори зиште мушоҳида намешуд, носкашию сигоркашӣ он тараф истад, хӯрок хӯрдану ошомидани онҳоро намедидем, бароямон мисли фаришта ҷилвагар мешуданд.

Шайх Саъдӣ олимони нопарҳезгорро ба кӯрони машъалдор монанд кардааст. Яъне илму дониш ба монанди машъалу нуру зиёст, ки олим ба дигарон медиҳад ва агар худи олим амал накунад, кӯреро мемонад, ки рӯшноии машъалаш ба дарди худаш намехӯрад.

Аз ин лиҳоз ҳам вақти он расидааст, ки омӯзгорони мо сари масъалаи таъкидҳои Пешвои миллат андеша кунанд, қаноатпешагиро асоси зиндагии худ қарор бидиҳанд ва дар навбати худ донишҷӯён ҳам барои тақдири минбаъдаи миллат масъулиятпеша бошанд ва ба таври ҷиддӣ ба омӯзиш машѓул шаванд.

 

Боймурод Шарифзода

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj