• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Тамоюли мухталифи экстремистӣ ва оштинопазирии он бо озодандешӣ ва эътиқоди динӣ

Ҳар як зуҳуроти иҷтимоӣ дар ҷомеа сабаб ва шароитҳои худро дорад. Дар солҳои охир бо мақсади ташкили давлати хусусияти теократидошта (ҳокимияти динӣ) ҷоришавии тамоюли мухталифи экстремизм ба назар мерасад. Маълум аст, ки он ба шариати ислом бегона буда, ба озодандешӣ ва эътиқодҳои дигари мазҳабию динӣ дараҷаи баланди оштинопазирӣ дорад.

Ислом низ дар натиҷаи таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи араб ҳанӯз

дар асри VII пайдо шудааст. Бо кӯшиши зиёди пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ва пайравони он ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мардуми араб ба як шакли муносиб ворид шуд. Фаъолияти онҳо дар оятҳо ва сураҳои давраи мадинагӣ инъикос ёфтааст. Минбаъд вобаста ба ғалабаи ислом дар Арабистон ва ташаккулёбии давлат дар шуури мусулмонон ғояи мувофиқати «давлат» ва «давлати динӣ» пайдо гардид, ки ин ғояҳо то ҳануз ба бисёр идеологҳои пайравони радикалии ислом таассуроти ҳалкунанда бозида истодааст.

 

Таърих метавонад мисолҳои бисёреро пеш орад, ки ҳаракатҳои экстремистӣ борҳо корҳои сиёҳи худро бераҳмона ба анҷом расониданд. Мардумони асримиёнагии ғарб давраи ваҳшигариҳо, ҳаракатҳои салибӣ ва инкивизитсияро дар асрҳои миёна аз сар гузаронида, протестантҳои аврупоии замони аввал ахлоқ, озодии виҷдон ва рӯҳияи навоварии хоси худро доштанд, ки ҳамаи он ҳодисаҳои аз обшинаи идеалии онҳо берунро ҳамчун шоҳигарии зулму ситам шуморида ба нестӣ маҳкум мекарданд.

Ҳаёт дар доираи ислом низ бе низоъҳо намегузашт. Экстремистон доимо дар ҳаёти мусулмонон ворид шуда, аз саҳнаи масҷиду мадрасаҳо ба сиёсати воқеӣ гузашта, ақидаи ҷамъиятиро ташкил мекарданд. Онҳо зуд-зуд бархӯрдҳои хунинро байни ҷараёнҳои гуногуни ислом ба вуҷуд меоварданд.

Экстремизми имрӯза низ дар амалиётҳои худ ҳамаи методҳои экстремизми гузаштаро истифода мебарад. Аз ҷумла, тозакунии этноконфессионалӣ, истифодаи генотсид (истифодаи қатли оммавӣ бо сабабҳои нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ), зуд-зуд ба амал омадани намоишҳои эътирозӣ ва истифода аз он ва муборизаҳои яроқнокро бо мақсади ба даст овардани ҳокимият, ба ҷанг бархестани экстремистони динӣ, ба инсоният зулми маънавию равонӣ расонидан намоён мегардад.

Дар яке аз хотираҳояш мулло Абдураҳим қайд мекунад, ки «Мо фикр мекардем, ки дар Тоҷикистон ҳизб месозем, мардумро ба роҳи ислом мебарем ва онҳоро аз ҳар гуна равияҳову гурӯҳҳо озод мекунем. Бо ҳамин мақсад ба ин кор даст  задем. Таҷриба кардему амал кардем, ба ҳамин хулоса расидем, ки ҳар куҷо ҳизбе бо номи Ислом ташкил шуд, он ҷо макони фитна ва хунрезиву ихтилоф гардид. Мо дарёфтем, ки асосгузорони ҳизбҳои бо ном исломӣ аз аҳли ислом нестанд. Онҳо ба хотири бадном кардани дини мубини ислом ва тафриқа андохтан дар байни мардуми мусулмон ҳизбҳо сохтанду месозанд» (Мулло Абдураҳим. Агар ман раиси ҳизби наҳзати исломӣ мешудам?//Тоҷикистон. №2. 1996. –С 15).

Қуллаи баланди экстремизми динии муосир гузаронидани сиёсати тарс ва террор мебошад, хосияти дигари экстремизми динӣ дар он аст, ки вай таассубро эҷод мекунад ва дар асоси он терроризм авҷ мегирад.

Дар замони ҳозира ташкилотҳои динии экстремистию террористӣ дар ҳар як дин мавҷуд аст. Бо ёрии ин ташкилотҳо теократия кӯшиш менамояд, ки ба олам назари ба худ хоси вазъиятро ҷорӣ кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки олами динӣ ва дунявиро ба худ тобеъ кунад.

Экстремистон ва мутаассибони муосири динӣ ҳаракат мекунанд, ки идеяҳои мазҳабии худро ба гардани дигарон бор кунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки рақибони худро мағлуб кунанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нест кунанд, махсусан саҳми ташкилотҳои бо ном исломӣ дар ин бобат хеле калон аст. Дар асл ислом дини сулҳпарвару таҳаммулпазир бошад ҳам, вале ҷаҳони имрӯз маҳз аз таҳдиди исломгароён ранҷ мебаранд. То имрӯз дар дунё зиёда аз 200 ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекунанд ва яке аз онҳо бунёди ташкилоти ба ном «давлати исломӣ» дар ҳудуди давлатҳои Ироқ, Лубнон ва Сирия мебошад. Агар чанде онро ягон давлат эътироф накарда бошад ҳам, онҳо сохтори худро барои муддате ташкил карда тавонистанд ва то имрӯз низ фаъол мебошанд.

Ташкилоти дигари мазҳабӣ «Ҷиҳоди исломӣ», ки ячейкаи аввалини вай соли 1979 дар минтақаи Гоз пайдо шуда буд ва асосҳои ин ташкилот аз гурӯҳи экстремистии ташкилоти ғайрилегалии мусулмонон «Бародарони мусулмон» баромадааст. Падари ғоявии «Ҷиҳоди исломӣ» яке аз пешвоёни «Бародарони мусулмон»  Саид Қутб буд, ки зиёда аз даҳ соли ҳаёти худро ӯ дар муассисаи ислоҳотӣ гузаронидааст.

Идеяҳои Саид Қутб таҳкурсии барнома ва фаъолияти фалсафию идеологии «Ҷиҳоди исломӣ»-ро гузоштааст. Шогирди вай Асад Тамимӣ ва пайравони дигари ӯ ақидаҳои онро дар бораи қобили қабул набудани ақидаҳои Ғарб, арзишҳои ғарбӣ ва махсусан ақида дар бораи он, ки ҳар як мусулмон бояд дар ҷанги муқаддас ба муқобили «қувваи иблис» иштирок намояд, тарғиб менамуданд.

Тамимӣ дар китоби худ «Барҳамхӯрии давлати Исроил-императиви қуръон» миллатгароёни арабро барои аз даст додани Фаластин танқид мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки ба пешвоёни араб бовар кардан мумкин нест. Онҳо намояндагони насрониҳо ва яҳудиҳо мебошанд, ки бо мардуми Ғарб барои давлати Исроил ҳамкорӣ мекунад. Бо сабаби бесалоҳиятии онҳо дигар Фаластин давлати мустақили исломӣ шуда наметавонад.

Мавдудӣ дар асари худ Қонуни ислом ва Конститутсия назарияи мукаммали давлати исломиро кор карда баромадааст. Ба ақидаи ӯ ин давлат бояд ба принсипи «идоракунии Худо» асос гузошта бошад. Минбаъд вай ин принсипро то консепсияи «идораи Худо ва халқ», ё ба ақидаи худи ӯ то идораи «теодемократия» васеъ намуд. Ин консепсия ягонагии вайроннашавандаи дин ва сиёсатро пешниҳод менамояд, чунки «ҳокимияти Худо» ба тамоми тарафҳои ҳаёти инсонӣ тааллуқ дошт. Мавдудӣ қайд мекунад, ки агар ба шарте обрӯю эҳтироме набошад, ки онро ба ҷомеа пайваст кунем ин принсипҳоро дар амал ҷорӣ кардан мумкин нест. Аз инҷо зарурати мавҷудияти давлати исломӣ пайдо мешавад. Давлати исломӣ дар доираи фаъолияти худ ҳамаи тарафҳои ҳаётро фаро мегирад.

Таҳлили чунин системаҳои динӣ ҳаҷми зиёди  донишҳоро дар бораи роҳҳои худинкишофёбӣ дар ин дунё, дар бораи маънии ҳаёт ва маргро ошкор месозад. Ғайр аз ин дар онҳо маҷмӯи ҳолатҳои эълони табу, маҳдудият ва манъкунӣ барои амалҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарноки инсонӣ пешниҳод шудааст.

Баъзан аз баҳсу мунозираҳо ва таҳлилҳои динӣ ғояҳои иҷтимоии озодӣ, адолат, шарафи инсонӣ ба вуҷуд меояд, ки боиси пешрафти гуманистии ҷомеаи инсонӣ мегардад. Намояндагони динҳои гуногун ба обрӯ ва манзалати анъанавии худ дар ҷомеа такя карда бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва маънавиёти баланд ба муқобили озмоишҳои хатарноки иҷтимоӣ мебароянд. Онҳо дар такмили сохтори ҷамъиятӣ ва ба сулҳу ваҳдат овардани муноқишаҳои гуногун дар ҷомеа мусоидат намуда, ҳамин тариқ, дар равандҳои ба вуҷуд овардани арзишҳои нави ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар китоби муқаддаси Қуръон навишта  шудааст, ки Оллоҳ одамонро аз рӯи фарқиятҳои мазҳабӣ, синфӣ, миллӣ, забонӣ наофаридаст. Дар ислом чунин ақидаро дар хусуси он, ки шахсияти инсон маҳз дар муҳити ҷомеа ташаккул меёбад эътироф мекунад.

Тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт».

Маҳз инсони бохирад дараҷаи масъулияти худро дар назди худо ва ҷомеа эҳсос мекунад ва ин гуна инсон ҷавобгарии рафтори худро дарк мекунад. Моҳияти инсон кӯшишҳои вай барои кори нек аст. Ҳанӯз Муҳаммад Иқбол дар назди инсон интихоби накӯӣ ва бадӣ, ё Худо ва иблисро гузошта буд. Инсон дар эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мавҷудоте тасаввур шудааст, ки доимо бо зиддиятҳо рӯ ба рӯ мешавад. Аз он, ки ӯ кадом роҳро интихоб мекунад натиҷаи ин мубориза ба он вобастагӣ дорад.

Дар давраи пас аз шӯравӣ илм дар Тоҷикистон на танҳо қувваи халқӣ нашуд, балки мавқеи худ, функсияи созандагӣ, танқидӣ ва пешгӯикунандагии худро то андозае аз даст дод. Ба ақидаи профессор С. Наврӯзов дар мо қувваи воқеии халқиро ба хурофоти динӣ табдил додаанд. Аз пайи ин дар табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳисси нобоварӣ ба илм пайдо шуда, баҳои меркантилӣ, империкӣ ва позитивистии илм пурзӯр шуд. Паст шудани обрӯи илм дар ҷомеа дар одамон шавқи падидаҳои мистикӣ ва тасаввуротҳои гузаштаи асотириро ба вуҷуд овард, ки вай нобоварӣ, таассубгароӣ ва экстремизмро дар байни аҳолӣ ҷоннок намуд. Дар солҳои охир ҳаёт исбот намуд, ки сиёсат ва  илм серҳаракат буда, доимо пеш мераванд, аммо дин агарчанде ба замон мутобиқ кунонида шавад ҳам, догмаҳои асосӣ ва таъиноти он дар тӯли ҳазорсолаҳо бетағйир мемонад.

Мутаасифона, таърихи умумиҷаҳонӣ низ аз ҳодисаҳои бадбиниҳои мазҳабӣ саршор аст, ки давлатҳо ва халқҳоро ба гирдоби ҷангҳои салибию мазҳабӣ, ваҳшигариҳо ва таъқибҳои ғайриинсонӣ кашида буд.

Оқибатҳои таассуби динӣ барои ҷомеа ва худи дин гуногун маънидод гардидааст. Аз ҷумла:

-дар шахсияти эътиқодманд илюзияи ҳувияти маънавӣ ва кафолати наҷотбахширо медиҳад ва шуури онро карахт нигоҳ медорад;

-эътиқодро нодуруст нишон медиҳад, чунки сифатҳои қиматноки он - муҳаббат ба наздиконро барҳам медиҳад, ки бе он эътиқод хомӯш аст;

-озодии инсонро бо маҷбурсозӣ, таъқибкорӣ, таҳдид, ҷазо ва зулм нафасгир мекунад;

-қурбонии худро ба нобудсозии ҳаёти одамон ва тамадунҳои дигар дар ҷангҳои мазҳабӣ равона месозад;

-дар одамони нисбатан бетараф ва бепарво ҳисси нафрат пайдо мекунонад ва майли онҳоро ба атеизм равона мекунад, ба ҷои он, ки дар одамон илҳому боварӣ пайдо кунонад, дар онҳо ҳисси нафрат пайдо мекунонад.

Таассубкорӣ ба эътиқод ягон муносибате надорад. Дар эътиқоди комил барои рафтори кӯркӯрона, бадбинӣ ва зулму асорат ҷой нест. Рашки мазҳабӣ ва ҷидду ҷаҳд ҳамон вақт накӯӣ шуморида мешавад, ки агар аз муҳаббат саршор бошаду аз таҳти дил ва эътиқоди воқеӣ барояд.

Ҳама гуна идеологияи динӣ дар худ шохаҳои таассуб дорад, вале онҳо на ҳама вақт ба инкишофи пурраи он мубаддал мегарданд. Барои он, ки вай ба идеологияи мутаассиби динӣ мубаддал гардад, ин шохаҳо ва ё навдаҳои ҷавон бояд бо идеологҳои махсус муҷаҳҳаз бошанд ва дар тасаввуротҳои шуури оммавии эътиқодмандон такомул дода шуда бошанд. Шарти муҳими ин тайёрӣ вазъияти фавқулъодаи таърихӣ мебошад, ки  ба ҳаёти эътиқодмандон таҳдид менамояд.

Экстремизми динию сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ бо ёрии маблағҳои калони «қувваҳои сеюм» дар нуқтаҳои гарми дунё мардуми осоиштаро ба ҷангу ҷидол мекашанд. Масалан, ифротгарои пуштун Мустафо Наим ба воситаи Фейсбук мардуми Киевро ба майдон ба гирдиҳамоӣ даъват намуда, оғози ҷангро  дар Украина таъмин намуд.

Экстремизми динӣ ҳамчун шакли охирини таассуби динӣ баҳо дода мешавад. Моҳияти ҳама гуна экстремизм, аз ҷумла мазҳабӣ дар истифодабарии зулму ситам нисбат ба ашхоси фикру ақида ва эътиқоди пешқадам равона шудааст. Экстремизми динӣ ин тарафдорони ақидаи яктарафаю носолим дар кӯшиши дигаргунсозии олам вобаста ба идеологияи мутаасиби динӣ мебошад. Таассуби динӣ ҳамон вақт ба экстремизм мубаддал мегардад, ки агар ягон шакли нигоҳдории он аз ҷумла миллӣ, шаҳрвандӣ, авлодӣ, молӣ, хешутаборӣ ва ғайраҳо намонад. Маҳз экстремизми динӣ дараҷаи охирини расидан ба терроризм мебошад.

Фозилова М.З.,

н.и.т., дотсент

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj