• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ТЕРРОРИЗМРО РЕШАКАН БОЯД КАРД

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, масъалаи терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфаранги мо Афғонистон дар гирдоби ташаннуҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи кишвари моро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зулфия Саидзода дар мақолааш таҳти унвони «Хатари экстремизм ва терроризм» хотирнишон кардааст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд.  Амалиётҳои террористӣ бо истифода аз техникаи навтарин, силоҳ ва воситаҳои замони муосир сол аз сол муташаккилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаи гуногуни ҷаҳон гурӯҳҳои гуногуни миллатгаро барои расидан ба мақсадҳои хуб методи террорро касб намуда, барои худ муассисаҳои зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи тарканда ташкил намудаанд. Онҳо бо номи фирмаҳо, ширкатҳо, бонкҳо ва фондҳо амал мекунанд.

Бояд хотирнишон кард, ки дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид ду намуд террор маънидод карда мешавад: Якум, терроризм ба мақсади сиёсӣ - яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иғво андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо намудани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ. Дуюм, терроризми ҷиноятӣ -яъне гурӯҳҳои ҷинояткорони муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти муътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва барои содир кардани ҷиноят шароит муҳайё месозанд. Масалан, ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ѓайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо.

Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомотеро, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски ду намуди терроризм ба ҳамдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ, ҷиноятҳои трансмиллӣ даст доранд, истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъаовар таъмин мекунанд. Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар ба тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо дар тамос буда, ҳамкорӣ мекунанд.

Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои муташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан, барои амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашри китобҳои динӣ бо забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғ. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Халқи тоҷик таърихи қадима ва ибратомӯз дорад, пас бояд бар зидди паҳн шудани ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ мо ҳатман пайваста мубориза барем.

Бадбахтона, дар Тоҷикистони азизамон мо низ шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оѓушта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи соли 1992 аъзои ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ даст доранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагароӣ ҷалб созанд.

Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Ироқу Шом маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд.

Раҳима Абдулҳаева,

омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj