• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА АҲЛИ ҶОМЕАИ БАШАР

Бо ба миён омадани давлатҳои миллӣ низоми сиёсии олам куллан дигар гардид. Акнун на як-ду давлат, балки тамоми давлатҳои миллӣ ҳуқуқҳои хешро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз мекардагӣ шуданд, зеро онҳо чун актори асосии муносибатҳои байналхалқӣ баромад мекарданд. Яъне имрӯз дар ҷомеаи муосир давлатҳои миллие ташаккул ёфтаанд, ки ҳар кадом дар асоси манфиату талаботҳои худ дар арсаи ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар баробари ҳадафҳои алоҳида доштанашон, онҳо боз дар баъзе мавридҳо сарҷамъ шуда, барои он падидаҳои бавуҷудомадае, ки таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳониро доранд, мубориза мебаранд.

 

Яке аз чунин  падидаҳои манфуре, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ доман паҳн намудааст, терроризм мебошад. Яъне ба ҳамагон маълум аст, ки дар ибтидои асри 21 ин падида ба ҳайси яке аз ҷиддитарин зуҳуроти таҳдидовар ва хатарнок ба шумор меравад.  Гуфтан ба маврид аст, ки терроризм дар миқёси ҷаҳон рушд карда, хатари сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дорад ва он на  ба амнияти давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки таҳдид ба давлатҳои мутараққии оламро дорад.

Дар мавриди терроризм назарияи сиёсатмадорон ва донишмандон хело гуногун аст. Онҳо аз нуқтаи назари хеш ба ин масъала баҳо медиҳанд. Яке аз чунин шахсиятҳои рӯшанфикри ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар конференсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва суханрониҳои худ бо сарони давлатҳо, бо аҳли зиё, бо ҷавонон ва ҳангоми вохӯрӣ бо аҳолӣ пайваста дар бораи чигунагии табиати терроризм ибрози назар намуда, терроризмро ҳамчун падидаи зиддибашарӣ маҳкум менамоянд.

Саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти табиати терроризм хело бузург аст. Тибқи андешаҳои ин фарзанди барӯманди миллат, терроризм хоси ягон адёни ҷаҳон набуда, аз ҷумла робитае ба дини мубини ислом надорад, балки тамоми таълимоти динҳои муосир зидди хушунат, тундгароӣ, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ буда, моҳияти таълимоти онҳо масъалаи худшиносӣ, худогоҳӣ, дӯстию бародарӣ ва умуман тамоми хислатҳои неки инсониро дар бар мегирад. Ба ҳамагон маълум аст, ки афрод ва гурӯҳҳои иғвоангез талош ба он меварзанд, ки  терроризмро дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи исломӣ маънидод намоянд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки мегӯяд: «Ислом ва мардуми мусулмонро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани дини мубини ислом аз рӯи инсофу адолат нест, балки таҳрифи рӯйрост ва иштибоҳи бузург аст. Терроризм ва эсктремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ин падидаҳои номатлубро ба ягон дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом нисбат додан нодуруст аст».

Қобили зикр аст, ки  амалҳои террористӣ хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошанд ва онҳо аз ҷониби ҷинояткорон бо усулҳои махсус ба иҷро расонида мешавад. Бо пешрафти илму техника олами муосирро ҳар рӯз таҳдидҳои нав ба нав ҳамраҳӣ намуда истодаанд. Дигар ҷои терроризмро мафҳуми дигаре бо номи кибертерроризм иваз намуд. Яъне ин падидаи боз ҳам манфуртар тавассути ВАО ва интернет таблиѓу ташвиқотҳои террористӣ мебарад. Масалан, яке аз шохаҳои аврупоии ташкилоти террористии  «Ал-қоида» дар шабакаҳои иҷтимоӣ 27 сомонаи интернетӣ дорад. ки ба воситаи онҳо ташвиқу тарғибро ба роҳ монда, дар миёни шаҳрвандон даҳшату тарс паҳн менамояд.

Агар саҳифаи таърихро варақ занем, дар ягон ҷо рў ба рў намешавем , ки террористон худро террорист муррифӣ кардаанд. Онҳо барои ҳақ баровардани амалҳову гуфторҳои худ тамоми далелҳо, аз он ҷумла андешаҳои сиёсию хуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунанд. Бо бовари комил гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад. Терроризм ҷиноят аст.

Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷиноят ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон буда, суботи кишварҳоро халалдор месозад. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.

Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат, ҳар як давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барўманди он аз як гиребон сар мебароранд. Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, барои миллати тоҷик бехатар ва ҷомеаи мудерн бо сатҳи баланди зиндагӣ буда, мо имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Аммо танҳо дар он сурате мо ба чунин оянда даст меёбем, ки якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем.

Холов С.,

ассистенти кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj