• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Санаи 13-уми октябри соли равон зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ширкат варзиданд. Чорабинии варзишӣ соати 0630 шурӯъ шуда, донишҷӯён бо либосҳои варзишӣ таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ муддати беш аз як соат ба тамрини бадан машғул гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чорабинии мазкур дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, тибқи дастуру супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ҳар рӯзи шанбе баргузор хоҳад гашт.

 

 

 

 

 


 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj