• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ҶОИЗАИ ОЛӢ ДАР ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОН

Дар озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон”, ки санаи 12-уми октябри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии он баргузор гардид, омӯзгори факултети физикаи донишгоҳ Фарзона Абдуҷалилзода соҳиби ҷои аввал ва ҷоизаи олӣ гардид. Озмун-фестивали мазкур таҳти унвони “Ҷавонон – созандагони Ватан” бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он наврасон ва ҷавонони ихтироъкор аз шаҳру навоҳии кишвар бо ихтироъ ва навовариҳои худ иштирок намуданд.

Дар озмун Фарзона Абдуҷалилзода бо дастгоҳи ихтироънамудаи худ бо номи “Дастгоҳи комплексии офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ ва гармӣ” ширкат намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифт. Зикр кардан ба маврид аст, ки дастгоҳи ихтироънамудаи омӯзгори ҷавон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа Сафаров Мањмадалї, Наљмиддинов Фаррух ва дигар устодони кафедраҳои факултет тарҳрезӣ гардида, муаллиф барои он гувоҳномаи ихтироъкорӣ ба даст овардааст.

Дар анҷоми озмун-фестивал ҳамчунин ба муаллифи дастгоҳи мазкур аз ҷониби намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишон ва шаҳодатномаи МД ММПИ, Бонки байналмилалии Тоҷикистон планшети тамғаи “Huwia” ва Маркази миллии патент ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj