• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории конфронси илмӣ бахшида ба Шӯриши Восеъ

Санаи 8-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шӯриши Восеъ: ҷунбиши бузурги мардумии зидди истибдоди амирӣ» оғоз гардид, ки дар он муҳаққиқони таърихшинос ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Конфронси мазкур ба муносибати 130-юмин солгарди шӯриши бузурги деҳқонон дар Бухорои Шарқӣ, ки дар таърих бо номи Шӯриши Восеъ машҳур аст, ташкилу баргузор карда шуд.

 

- Дар доираҳои илмии муосири дохилӣ ва хориҷӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ин ҳаракати мардумӣ, ки соли 1888 бо роҳбарии Восеъ дар бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон сар зад, пажӯҳишҳои зиёде сурат гирифтаанд, - зикр гардид дар суханронии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдуллоев дар ифтитоҳи конфронс. Таъкид карда шуд, дар ин мавзӯъ ба наздикӣ аз ҷониби устоди донишгоҳ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев таҳқиқоти мукаммале анҷом дода шуда, бо номи “Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ” дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст. Асари мазкур шомили 7 боб буда, истифода аз санадҳое, ки муаллиф аз бойгониҳои даврони императории рус дастрас ва истифода намудааст, арзиши илмии таҳқиқотро бамаротиб боло бурдааст.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс ҳамчунин олимони шинохта – профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Ҳ. Пирумшоев ва доктори илмҳои таърих, профессор Н. Ҳотамов маърӯза намуда, дар суханрониҳои худ бештар атрофи шахсияти Восеъ, авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Аморати Бухоро ва бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, сабаб ва омилҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳаракати мардумӣ ва ғайра тамаркуз намуданд. Сипас, устодон Ҳ.Камол, А.Худойдодов ва дигарон ба музокира баромаданд ва оид ба баъзе паҳлуҳои норӯшан ва мубрами ин рӯйдоди таърихӣ андешаронӣ ва ибрози назар сурат гирифт.

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии конфронс чорабинии илмӣ кори худро дар бахшҳо идома дода, устодону муҳаққиқони ҷавон ва аспирантону магистрҳо бо маърӯзаҳо оид ба заминаҳои таърихии шӯриш, вуқӯъ ва ҳудуди паҳншавии шӯриш, сабабҳои шикасти шӯриш, Восеъ ҳамчун шахсияти таърихӣ, инъикоси шӯриш дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, аҳамияти таърихии шӯриш ва ғ. фаъолона ширкат варзиданд.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj