• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Рӯнамоии ду китоб бахшида ба профессор Мирзо Аҳмадов

Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 13-уми декабр маҳфили ёдбуди профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Аҳмадов баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ, ки бо иштироки устодони донишгоҳ, ҳамкорон, дӯстон ва пайвандони устоди зиндаёд доир шуд, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои таърих Н.Убайдуллоев бо сухани ифтитоҳӣ аз кору эҷод ва зиндагиномаи пурбаракати устод Мирзо Аҳмадов ёдоварӣ намуд.

 

Дар чорабинии мазкур ду китоб оид ба рӯзгору шахсияти илмиву фарҳангии ин шахси наҷиб рӯнамоӣ карда шуд, ки яке бо номи “Ёдномаи Мирзо Аҳмадов” ёддошту хотироти устодону ҳамкорон ва шогирдони ӯро дар бар гирифта, дигаре бо номи “Ғаввоси дарёи нур” фарогири ду рисола дар бузургдошти Мирзо Аҳмадов ва падарашон шоир Аҳмад Мираминзода мебошад. Бояд зикр намуд, ки профессор Мирзо Аҳмадов солҳои тӯлонӣ дар донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуда, яке аз устодони барҷаста ва донишманди шинохтани соҳаи адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад. Ба қалами ӯ зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ва даҳҳо тадқиқотҳои ҷиддӣ, аз ҷумла монографияҳо тааллуқ доранд, ки бахши аъзаме аз онро тадқиқоти марбут ба Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва Дарвеши Деҳакӣ ташкил медиҳад. Ин олими тавоно ва устоду омӯзгори комил соли ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дунёро тарк гуфтанд.

Дар идома устодони донишгоҳ, олимону омӯзгорон, ҳамкорону шогирдон ва пайвандон дар хусуси баъзе паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти профессор Мирзо Аҳмадов хотироту андешаҳои хешро иброз доштанд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj