• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дарси кушод муваффақияти таҷрибаомӯзон аст

Дар кӯдакистони хусусии «Зарринтоҷ» бо иштироки таҷрибаомӯзони курсҳои 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ-забони англисии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ санаи 7-уми декабри соли равон дарси кушоди ҷамъбастӣ аз фанни забони англисӣ баргузор шуд. Рафти дарс аз хондани шеърҳо, сурудҳо, ҳарфёбак, бозиҳои шавқовари нақшдор ва нақл аз рӯи расм бо забони англисӣ буд.

 

Мақсад ва вазифаҳои машғулияти кушод аз он иборат буд, ки пеш аз ҳама нутқи кӯдакон бояд кушода шавад, ҷаҳонбиниашон васеъ гардад, инчунин фаҳмишашонро нисбати ашёҳову муҳити атроф баланд намоянд ва донишашонро такмил диҳанд.   Дар  машғулият волидони кӯдакон низ ширкат варзида, якҷоя бо кӯдакон бозиҳои дидактикиро иҷро намуданд, ки барои инкишоф додани зеҳн ва тасаввуроти кӯдакон мусоидат менамояд.

Дар интиҳо аз тарафи мураббиён якҷо бо волидону таҷрибаомӯзон машғулият таҳлил ва муҳокима карда шуд. Волидон аз таълиму тарбияи кӯдаконашон дар кӯдакистони мазкур изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро баён намуданд.

Саидаброр Саидӣ,
донишҷӯи соли 5-уми факултети
таҳсилоти томактабӣва ибтидоӣ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj