• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Забон – пайвандгари тамаддунҳо

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ санаи 15-уми декабр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забон – пайвандгари тамаддунҳо” доир гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конфронсро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Байдуллоев оғоз бахшида, дар он олимону муҳаққиқон аз Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла докторҳои илми педагогика С.Афғонов ва И.Каримова, доктори илми фалсафа Ф.Худойдодов ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ А.Умаров маърӯза намуданд.

 

Дар идома конфронси илмӣ-амалӣ кори худро дар ду бахш – “Такмили таълими забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ” ва “Масъалаҳои забоншиносӣ ва типологияи муосир” идома бахшид, ки дар он устодону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолона ширкат варзиданд. Дар бахшҳо бештар атрофи масъалаҳои амалигардонии муносибати салоҳиятнокӣ дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ, истифодаи методҳо ва технологияҳои инноватсионӣ, роҳҳои такмили сифати таълими забонҳои хориҷӣ, таҳияи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, забон ва муоширати байнифарҳангӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир, тарҷума, таҳлили лингвистии матн ва ғайра гузоришҳо шунида шуда, оид ба масъалаҳои матраҳгардида пешниҳоду музокирот ва баҳсу баррасиҳо сурат гирифт.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj