• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Маълумотномаи муфассал  дар  бораи Бахши идоракунии сифати таълим ва фаъолияти имрӯзаи он.

Бо мақсади  сари  вақт пурра амалӣ намудани талаботҳои заммимаи якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  03.03.07,№ 105.«Дар  бораи хадамоти давлатии назорат  дар  соҳаи маориф», фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  15,03,07,№330, бо фармони ректори    ДДОТ  ба  номи Садриддин Айни  аз  13,04,2007., №46-хк  дар  назди Раёсати таълими донишгоҳ Бахши хадамоти назорати сифати таълим ташкил  карда  шуд.Бахши хадамоти назорати сифати таълим  дар  ҳайъати    се  нафар.  Маҳмудов  М;-  раис,  Ҷоматов  С;-  мутахассис,  Раҳимов  Ф;  мутахассис, таъсис ёфт ва бо карори Шӯрои олимони донишгоҳ    аз  26.09.2012, №8  Бахши хадамоти назорати сифати таълим  ба  Маркази маниторинги сифати таълим табдил дода шуд.

Бо карори Шӯрои олимони донишгоҳ  аз  9.10.2013. №8 Маркази маниторинги сифати таълим   ба Бахши идоракунии сифати таълим табдил дода шуд.  Солҳои  2008-2009 роҳбари Бахшро Шаропова  Г. ва  Саидов  М., ба  уҳда доштанд.  Аз  соли  2009  то  соли  2015 роҳбари Бахш Шарипов  М.Б, ба уҳда доштанд. Дар айни замон бошад бахш дар ҳайати чор нафар Бедилов Ҳ К. роҳбар, Шарипов М Б, Содиков М. С.,ба ҳайси сармутахассиси бахш ва Мирзоева  Г.Б.,ба ҳайси мутахассиси пешбари бахш фаъолият дорад. Бахши идоракунии сифати таълим ҳоло  яке  аз марказҳои таълимию методӣ  дар  Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон   ба  номи Садриддин Айнӣ  ба  шумор рафта, ҷиҳати болоравии сатҳи сифати таълим ва дониш азхудкунии донишҷӯён мунтазам маниторингҳо, санҷишҳои корӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба  Шӯрои олимон ва Раёсати донишгох пешниҳод менамояд.

Имрӯзҳо  БИСТ фаъолияти худро тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ, Шӯрои олимон Низомнома ва нақшаи кории худи  бахш  ба роҳ мондааст. Мувофиқи онҳо  БИСТ  мунтазам паҳлӯҳои гуногуни раванди таълимро  дар  кафедраю факултетҳои донишгоҳ назорат намуда, ҳамчунин санҷишҳо( маниторингҳо) мегузаронад.

Аз  тарафи кормандони  БИСТ  давоми  соли  таҳсили   2016-2017  масъалаҳои зерини таълимӣ  ба  монанди сифати дарсҳои устодон, ҳуҷҷатҳои таълимии устодон  дар  раванди дарс  (КТМ, китобҳои дарсӣ дастуриметодӣ), истифодаи аёниятҳо, воситаҳои техникӣ дар  дарсҳо, тахтаи электронӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода шудаанд. Аз рӯи нақшаи кории бахш давоми  соли  таҳсил моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли 2016  кормандони  БИСТ бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои сатҳи сифати таҳсилот   дар  факултетҳои  биология, химия, физика, математика,  забон ва адабиёти  рус  ва таҳсилоти ибтидоӣ,  ҳачунин кафедраҳои умумидонишгоҳии  педагогика, психология–ро санҷида баромаданд, натиҷаи онҳо  дар Шӯрои олимон барассӣ ва муҳокима гардида доири ин масъалаҳо сардори бахш Бедилов Ҳ.  гузориш доданд. Ҳамзамон давоми моҳҳои октябр-декабри соли  2016  тибқи нақшаи Раёсати донишгох кормандони   БИСТ масъалаҳои « вазъи иҷрои корҳои мустақилона ва сифати онҳо  дар  факултетҳои табии-риёзӣ, вазъи иҷрои корҳои мустақилона ва сифати онҳо   дар  факултаҳои гуманитарӣ»,

«оид  ба вазъи иштироки деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ ба  дарси   омӯзгорон»,  «вазъи иҷрои корҳои мустақилона ва сифати онҳо дар  кафедраҳои умумидонишгоҳӣ», «рафти баргузории дарсҳои кӯшод  дар  факултетҳои донишгоҳ» санҷида баромаданд. Натиҷаи онҳо дар  ҷаласаҳои Раёсати донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифта, оид  ба мазмуну муҳтавои онҳо сардори бахш Бедилов Ҳ, гузориш доданд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки фаъолияти кормандони   БИСТ  давоми  соли  таҳсили  2016-2017 аз  ҷумла  дар  самти  баланд  бардоштани сатҳи сифати таълим натиҷаи дилхоҳ доданд. Чунончӣ аз ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистонаи  соли  таҳсили 2016-2017 айён гардид, ки дарачаи азхудкунии донишҷӯён  66,3%-ро ташкил дод, ҳол  он, ки дар  ҷамъбасти сесссияи имтиҳони зимистонаи   соли  хониши   2015-2016  он 50,5%-ро ташкил медод, яъне пешрави баназар мерасад. Натиҷаи фаъолияти кормандони  БИСТ дар  дигар самтҳои таълимӣ то андозае назаррасанд.

Аз он ҷумла вазъи ҳуҷҷатгузорӣ  дар  кафедраҳо факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ (барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, КТМ   нақшаҳои корӣ, мавзӯҳои таълимию методӣ ва ғайра)хеле хуб гардидаанд. Ҳоло бошад кормандони  БИСТ ба гузаронидани назарпурсӣ байни донишҷӯёни  14-факултет оид ба баҳо додани донишҷӯ ба  омӯзгор, ҳамзамон  ба ҷалби гурӯҳи корӣ ба санҷиш сатҳи сифати таълим   дар факултетҳои таъриху филалогияи тоҷик,  инчунин кафедраҳои умумидонишгоҳи забони русӣ ва забонҳои хориҷӣ машғуланд.

Кормандони  БИСТ  азми қавӣ доранд, ки дар нимсолаи дуюми соли  таҳсили 2016-2017 барои баланд  бардоштани сатҳи сифати таълим саҳми бештар гузоранд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru