• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маълумот оид ба низоми кредитӣ

Maълумотнома

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ  татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар Донишгоҳ таъмин намуда,  ҷиҳати  беҳтар гардидани сифати таълим, сафарбарии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанию хориҷӣ фаъолият менамояд. Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳ,  Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳ  амал мекунад.

Фаъолияти Шуъбаи  бақайдгирӣ ва машваратӣ

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳ хадамотест, ки фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро  барои таҳлил ва баррасӣ ба деканати факултетҳо пешниҳод менамояд.

Фаъолияти Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ  иборат аст, аз:

-омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;

-ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кӯмаки эдвайзерҳо;

-таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;

-пешниҳоди  машваратҳо ба  донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ доир ба низоми кредитии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад;

-ташкил ва назорати татбиқи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;

-ташаккули гурӯҳҳои академӣ ва ҷуфтҳои лексионӣ аз рӯи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;

-назорати раванди имтиҳони ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;

-таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ- ҳуқуқӣ;

-омодасозии варақаҳои шахсии таълимии донишҷӯён;

-ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба деканҳои факултетҳо, ҷамъбасти ҳар як семестр ва  муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин  мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;

-ба деканати факултетҳо ва сардори қисми таълим барои таҳлил ва  арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои Ғ гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;

-ташкили семестри тобистона ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;

-тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;

-ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағйирот ба онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда;

-омодасозии фармон оид ба роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонӣ дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои рейтингӣ;

-таҳияи лоиҳаи фармон ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи  (GPA)-и онҳо.

-ташкили кор оид ба бойгонии ҳуҷҷатҳои таълимии донишҷӯён;

Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед...

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru