• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маълумоти мушаххас оид ба Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ

Марказ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, (минбаъд Донишггоҳ) амру фармонҳои Ректор ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат, шӯъба, бахш, факултет ва кафедраҳои Донишгоҳ ба роҳ монда, дар назди Ректори Донишгоҳ ва муовини Ректор оид ба корҳои таълимӣ масъул  мебошад. Додани ахборот, маълумот ва дигар намуд ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти Марказ алоқаманд тибқи муқаррароти Оиномаи Донишгоҳ, Низомномаи мазкур ва амру фармонҳои Ректори Донишгоҳ сурат мегирад.

Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Марказ:

-пайваст намудани сохторҳои Донишгоҳ (факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо ва синфхонаҳои компютерӣ) ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонии интернет ва почтаи элекронӣ.

-таъмини техникаи синфхонаҳои компютерии Донишгоҳ барои пайвасти устувор ба шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ (интернет, почтаи электронӣ).

-назорати мақсаднок истифодабарии компютерҳо ва шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳо.

-таъмин намудани синфхонаҳо бо барномаҳои компютерии таълимии лозима.

-таъмин намудани эътимодияти истифода ва кори техникаи компютерии Донишгоҳ.

-ташхис ва таъмиру тармим намудани техникаи компютерии Донишгоҳ.

-дар мувофиқа бо муҳосибот харидорӣ намудани техникаи компютерӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо.

-такмили гардиши ҳуҷҷатҳо дар Донишгоҳ, лоиҳакашӣ ва ҷорикунии воситаҳои замонавии технологӣ дар ҷараёни коркарди иттилоот.

-ҳифзи қоидаи техникаи бехатарӣ дар синфхонаҳои компютерӣ

-насб намудани тахтаҳои электронӣ ва назорат намудани ….онҳо дар синфхонаҳо ва кабинетҳои ороишӣ

Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед..

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru