• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аз нодонию таассуб ҷавононро  ҳушёрӣ мебояд

 

Дар ҷомеаи имрӯза пешбурди соҳаҳои мухталиф ва роҳандозии онҳо аз ҷониби ҷавонон бараъло ба назар мерасад. Ин қишри ҷомеа дорои афкору андешаҳои нав, неруи муҳими пешбарандаи фарҳанги миллӣ, сиёсат, иқтисолиёт ва варзиш буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд хуб ба роҳ монанд. Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар ба ин қисми аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар дошта, сол то сол ғамхорӣ нисбати ҷавонони ояндадори ҷомеа афзуда истодааст.

Дар баробари рушду инкишоф ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз гумроҳӣ, ноогоҳӣ ва таасуб бархе аз онҳо фирефтаи амалу кирдорҳои ғайриахлоқона гардида ба ин неруи тавоно дар ҷомеа иснод меоранд. Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷомеаи моро ҳаргиз ором гузошта наметавонад. Ин раванд ба пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллати тоҷик, хоҳу нохоҳ таъсири манфии худро мерасонад.
Мо ҷавонон бояд дар хотир дошта бошем,  ки мушкилоти азимтарине, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, ин мушкилоти мафкуравӣ мебошад. Камсаводӣ, нодонӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тамошои фитаҳои хусусияти фаҳшдошта, марказҳои компютерӣ ва дискоклубҳо, даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби ҷавонони камхирад дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун доғӣ рӯз боқи мемонад, ки аз ҳама хатарзои он гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ҳаросафкан ва даҳшатафкан ба ҳисоб меравад.
Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси  худ  мебошад. Интиҳои асри бист ва даҳсолаҳои аввали асри бистуяк нишон медиҳанд, ки мушкилоти асосии ин фосилаи таърихӣ экстремизм ва терроризм мебошанд. Имрӯз ин равандҳо ваҳшонияти инсониро нишондода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн мебарад.
Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад ва идоранашаванда мегардонад,  ки дар натиҷа ба амали террористӣ даст мезанад.
Дар мавриди терроризм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросми ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 4- уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкорони террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ  садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро такил медиҳад».
Имрӯз гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан ҷавонон таъсиррасонида онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.
Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, пайдоиши гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва дар ин замина ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо маҳз ҳамин мушкилот мебошад.  Як сабаби сар задании ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин мушкилот буд. Имрӯз гурӯҳҳои махсуси манфиатдор ҷаҳонбинӣ, сатҳи фаҳмишу дониши сиёсӣ,  психология, эътиқоди динӣ ва мафкураи моро меомӯзанд ва аз нуқтаҳои заифи мафкуравии мо сӯистифода карда, моро ба гурӯҳҳо табдил дода, миёни мо низоъ, бадбинӣ ва кинаю адоватро барангехта, мақсадҳои худро амалӣ менамоянд. Бо дарназардошти ин масъала мо ҷавонон бояд таҳлилгари ҷиддии сиёсию равонӣ ва мафкуравию идеологӣ бошем. Натиҷаҳои ҷанги щаҳрвандӣ дар кишвари мо, пайдоиши гурӯҳҳои террористии «Ал – Қоида», «Толибон», «Давлати исломӣ», ташкили ҷангҳои манфиатхоҳӣ дар Сурия, Ироқ ва Либия нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз мафкураи хурофотпарастона, эътиқоди динӣ ва дигар нуқтаҳои заифи мафкуравии шаҳрвандони ин давлатҳо сӯистифода карда,   онҳоро ба майдони ҷанг табдил додаанд. Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки ягон гурӯҳи экстремистӣ -террористӣ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Ҳамаи гурӯҳои террористию экстремистӣ ташкилшуда мебошанд. Онҳо маблағгузорӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ,  яроқу аслиҳа таъмин мегарданд ва пуштибонӣ меёбанд. Ин омил дар асри бистуяк яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои  стратегии давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсус маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин раванд мо ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсию равонӣ ва идеологию эътиқоди динӣ устувор ва таъсирнопазир бошем, фирефтаву зудбовар нашавем. Ҳушёру зирак бошем ва мафкураи илмӣ – таҳлилӣ дошта бошем.
Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро,  ба хусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи  Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.



Умедҷони Лоиқшо
ҷониши декан оид ба корҳои таълимии
факултети филологияи тоҷики
ДДОТ  ба номи С. Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj