• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

 

Маълумоти мухтасар оид ба таърихи таъсис ва табдили ном кардани 
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 18 июли соли 1931 ҳамчун Институти олии агропедагогӣ таъсис ёфта буд. Мутобиқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 марти соли 1939 ба он номи арбоби адабиёти Украина Т.Г.Шевченко гузошта шуд.

Барои хизматҳояш дар тайёр намудани мутахассисони омӯзгорӣ тибқи Қарори Шӯрои Олии ИҶШС аз 16.12.1981 институт ба ордени «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» мукофотонида шудааст.

Дар асоси қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.09.1991  №316 номи институт тағйир ёфта, ба он номи олиму омӯзгори шинохтаи тоҷик Қ.Ҷӯраев гузошта шуд.

Мутобиқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1992 №73-0(А) Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев (Институти давлатиии омӯзгории Душанбе) ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе) табдил дода шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1997  №5 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро доданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3  апрели соли 2007,  №192 дар номи донишгоҳ тағйирот дароварда шуд,  он номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро гирифт.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj