• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конференсияи ҳикматбор

Паёпай бо идвораи 7 май-Рӯзи радио ва алоқа санаи 12-уми майи соли равон дар Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 600-солагии А.Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кафедраи математика-информатика баргузор гардид. Дар ин конференсия омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, омӯзгорон Ш.Зоиров дар мавзӯъҳои «7-уми май-Рӯзи радио», И.Усмонов «Ташкили алоқа ва хабаркунӣ ҳангоми таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқуллода», М.Файзуллоева «Системаи идоракунии иттилооти маориф», Ҳ.Алиакбар «Низоми кредитӣ дар таҳсилот» ва аз донишҷӯён бошад, Ф.Урозов «Татбиқи интеграл», М.Муҳриддинзода «Амалҳо бо баёнҳо» маърӯза намуданд. Ин маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва ҳикматбор паҳлуҳои нокушодаеро барои ҳозирин бозгӯ намуд.

 

Мадина Хоҷанова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих ва ҷомеашиносии Колеҷи омӯзгорӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj