• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа

photo 337.jpg - 101.94 KbДар санаи 16-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд, ки баргузоршавии конференсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хело бамаврид буда, дорои аҳамияти бузург аст. Ҳамчун «Илму маърифат-омили муҳими рушди ҷомеа» номгузорӣ кардани конференсия иқдоми хело хуб аст, зеро воқеан илму маърифат омили пешравии ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор мервад. Баргузории конференсия дар татбиқи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти рушди  илм ва маорифи кишвар яке аз тасмимҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ аз он  қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Роҳбари давлат ҳунарҳои мардумии мо – тоҷикон дар бештари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муаррифӣ гардида, пазируфта шудаанд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия профессорон ва устодони донишгоҳ. аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ: шахсият ва замон», доктори илмҳои географӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи «Имрӯзу фардои деҳоти Тоҷикистон», номзади илмҳои техникӣ Сафаралӣ Сияҳаков дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии рекретиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии истифодабарии онҳо» ба сӯхан баромада, масоили муҳими илми муосир ва масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор доданд.

Ҷаласаи ифтитоҳӣ бо саволу ҷавоби иштирокчиёни конференсия ва пешниҳодҳои муфид оид ба масоили номбурда ба анҷом расид.

Сипас, кори конференсия дар 15  бахш оғоз гардид, ки он то 19-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Раёсати илм ва инноватсияи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

photo 338.jpg - 5.93 Mb photo 341.jpg - 104.75 Kb photo 344.jpg - 87.42 Kb photo 345.jpg - 81.99 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj