• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дипломи “Россотрудничество” ба ректор

Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, 6-уми июни соли равон ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик А.Раҳмонов мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ, ки бо ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, А.Раҳмонов равобити мутақобилан судманди таълимгоҳро бо “Россотрудничество” ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин ташкилот барои омӯзиши густурдаи забони русӣ дар донишгоҳ иқдомоти наҷибу манфиатборро амалӣ намудааст.
Ректор аз фаъолияти Маркази русӣ ва ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, ёдовар шуда, онҳоро намунаи барҷастаи натиҷаи ҳамкориҳо унвон кард.
Дар такя бар қавли А.Раҳмонов, айни замон марказҳои мазкур бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз буда, барои густариши забони русӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Хоҳишмандон бемамониат аз технологияи омӯзишии марказ ба таври ҳамешагӣ истифода менамоянд.

Роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко низ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар пояи баланд арзёбӣ карда, саҳми ректор, академик А.Раҳмоновро дар ин самт назаррас ва шоистаи таҳсин унвон намуд. Ба ақидаи мавсуф, дар таъсис ва фаъолияи Маркази русӣ, на танҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, балки дар кулли манотиқи Тоҷикистон А.Раҳмонов нақши арзанда дорад. Бинобар ин, роҳбарияти олии Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” тасмим гирифт, ки дар Рӯзи забони русӣ ва Рӯзи шоири бузург Пушкин ба хотири таҳким, тарғиб ва густариши забони русӣ А.Раҳмонов бо дипломи махсуси ин ташкилот қадрдонӣ гардад.
Сипас, дар ҳузури ширкатдорон ва дар фазои тантанавӣ Владислав Курнушко дипломро ба Абдуҷаббор Раҳмонов тақдим намуд.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj