• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ифтитоҳи Маркази педагогикаи миллӣ (Аксҳо)

Дар факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, имрӯз, 11-уми июн, Маркази педагогикаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, академик Абдуљаббор Раҳмонов ширкат варзида, доир ба моҳият ва аҳамиятнокии маркази мазкур сухан ронд. Дар такя бар қавли мавсуф, ин марказ, аслан, барои муҳассилини риштаи таҳсилоти то мактабӣ ба нақша гирифта шуда,

ҳамзамон, кормандони кӯдакистонҳои мамлакат низ метавонанд дар ин макон такмили ихтисос намоянд.
Тавре А.Раҳмонов таъкид дошт, барои муаллимон имкон фароҳам шуд, ки дарсҳои амалии хешро ба таври воқеӣ дар ин марказ баргузор кунанд. Инчунин, меҳмонони бурунмарзӣ, аз қабили шаҳрвандони Русия, Олмон, Туркия, Фаронса, Туркманистон, Эрон ва ғайра, ки пайваста ба донишгоҳи мо ташриф меоранд, аз ин макон дидан намуда, доир ба таърихи куҳан, фарҳанги воло ва ашёи миллии мо, тољикон, тасаввуроти амиқ пайдо хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки Маркази педагогикаи миллӣ, ки ба тозагӣ ифтитоҳ гардид, бо кати калон барои нишаст, мизи дастурхонгустарӣ, гаҳвора, болишту кӯрпача, асбобҳои мусиқӣ, дастгоҳи махсус барои сабти садо, бозичаҳои зиёди гуногун, аз қабили лӯхтак, мошинча ва ғайра муљаҳҳаз мебошад. Чаҳор тарафи девор бо сӯзаниҳою кашидадӯзиҳои дорои нақшҳои мухталифи зебо оро ёфтаанд. Ҳамчунин, мизу курсиҳои хос барои нишасти кӯдакон мављуданд, ки ба қавли ректор, истеҳсоли худӣ буда, дар Парки технологии донишгоҳ сохта шудаанд.
А.Раҳмонов таъкид дошт, ки ҳар духтари тољик, ки оянда модар аст, бояд ҳатман тарзи дурусти муносибат бо кӯдакро донад. Ва дар ин марказ маҳз василаҳои саҳеҳи нигаҳбонӣ ва тарбияи кӯдак, аз љумла, дуруст дар гаҳвора бастан, суруди алла хондан ва ҳоказо омӯзонида хоҳад шуд. Ҳамзамон, шакли дурусти дастурхонороӣ, меҳмондорӣ ва одоби муошират таълим дода мешавад.
Ректор ба роҳбари маркази мазкур, профессор Б.Маљидова супориш дод, ки барои мукаммал гардидани марказ равобити ҳамкориро бо кулли кӯдакистонҳо тақвият бахшад ва инчунин, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намояд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиши тантанавӣ донишљӯёни факултаи педагогика роҳҳои мухталифи саҳнакунонидаи тарбияи кӯдакро ба маърази намоиш гузоштанд.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj