• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф (Аксҳо)

Муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирғизистон ба номи М.Акмуллӣ Алмаз Мустаев ва котиби масъули комиссияи қабули ҳамин донишгоҳ Фиданис Тимерханов 16-уми июни соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, ки бо ширкати аъзои Шӯрои олимон баргузор гардид, академик А.Раҳмонов пиромуни

боздидаш аз Донишгоҳи омӯзгории Бошқирғизистон сухан ронда, таълимгоҳи мазкурро яке аз муассисаи олии тараққикардаи минтақа унвон кард. Дар такя бар қавли мавсуф, зимни сафари охири ӯ ба Бошқирғизистон, ки ҳамагӣ чанд моҳи қабл сурат гирифт, бо Донишгоҳи омӯзгории ин кишвар созишномаҳои гуногунҷанба доир ба ҳамкориҳои судманд ба тасвиб расиданд. Ва маҳз натиҷаи равобити тозабарқарор аст, ки имрӯз ду нафар корманди баландпояи ин таълимгоҳ ба маърифатгоҳи мо ташриф оварданд.

 

Алмаз Мустаев, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирғизистон ба номи М.Акмуллӣ, низ изҳор дошт, ки ҳадафи омадани онҳо тақвият ва густариши ҳамкориҳо мебошад. Ӯ, ҳамчунин, таъкид кард, ки дар қатори шартномаҳои зиёд, ҳамзамон, созишномаҳое ҳастанд, ки бунёдию аслӣ маҳсуб меёбанд ва шартномаи байни ин ду донишгоҳи омӯзгорӣ маҳз аз қабили ин гуна аснод хоҳад буд.

Дар идома Алмаз Мустаев дар хусуси фаъолият ва ихтисосҳои таълимгоҳашон маълумоти муфассал ироа намуд. Бинобар гуфтаи ӯ, донишгоҳи онҳо соли 1967 таъсис ёфта, дорои 11 факулта мебошад. Шумораи муҳассилин бошад, ҳудуди 11 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, қабули муҳассилини якдигар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура изҳори омодагӣ карданд. Инчунин, гуфта шуд, ки метавон Шӯрои ҳимояи муштарак таъсис дод. Пешниҳоди мазкурро, ки аз ҷониби А.Раҳмонов ироа гардид, меҳмонон хуш пазируфтанд ва ваъда доданд, ки барои дар амал татбиқ шудани он чораҳои заруриро пиёда хоҳанд кард.
А.Раҳмонов, ректор, деканони факултаҳоро муваззаф гардонд, ки миёни хатмкунандагон эълон намоянд, ки дар риштаи магистратура Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирғизистон барои мо 5 ҷойи буҷавӣ ихтисос додааст ва хоҳишмандон метавонанд таҳсилашонро дар ин макони илму фан идома бахшанд. Шароит ниҳоят хуб аст.
Дар нишаст, ҳамзамон, эълон гардид, омӯзгорон имкон доранд, ки мақолоти илмию тадқиқотии хешро дар маҷаллаи илмии ин донишгоҳ бе монеа интишор намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни ҳозирин пиромуни масоили мухталифи омӯзгорию илмӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

https://www.facebook.com/tgpu.tj/

 

 

 

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj