• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Маркази илмию инноватсионӣ

Маркази илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз  муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»,«Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия гардида, фаъолияти худро мутобиқи талаботи Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши ректори донишгоҳ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

Муассиси Марказ Раёсати донишгоҳ буда, фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси донишгоҳ ва дигар манбаъҳои маблағгузоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Базаи моддию техникии Марказ барои иҷрои тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии аз тарафи донишҷӯёни лаёқатманд,  мутахассисони ҷавон ва устодон пешниҳодкарда истифода бурда мешавад.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru