• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Cафи устодони унвондор меафзояд

-Дар шашмоҳаи аввали соли 2014 аз ҷониби устодони кафедраву факултаҳои донишгоҳ 2 монография, 10 китоби дарсӣ, 37 дастурҳои илмӣ-методӣ ва 565 мақола ва фишурдаи илмӣ ба нашр расониданд,-гуфт зимни нишасти мабуотӣ муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бобоҷон Самиев. 
Тавре ки Бобоҷон Самиев иттилоъ дод, то 30-уми июни соли 2014 дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 4 ҳазору 952 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 5 ҳазору 246 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар назди 13 факулта 44 кафедраи тахассусӣ ва дар назди донишгоҳ 8 кафедраи ҷомеашиносӣ ва умумидонишгоҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолият намуданд. Бо қарори Шӯрои олимон кафедраҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ муттаҳид карда шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2014 ду нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Дар Шӯрои ҳимояи педагогика 18 нафар рисолаҳои худро ҳимоя карданд.
Тавре ки дар нишаст гуфта шуд, айни ҳол беш аз 40 нафар аспиранту унвонҷӯ дар навбати дифои рисолаҳои номзадӣ ва 8 нафар дар навбати ҳимояи рисолаи докторӣ қарор доранд. 
Бобоҷон Самиев қайд намуд, ки аз моҳи январ то имрӯз аз як ҳазору 497 нафар мутахассиси ҷавоне, ки тибқи буҷаи давлатӣ донишгоҳро хатм намуданд ва ҳамчун мутахассиси ҷавон ба кор фиристода шуданд, ҳамагӣ 8 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj