• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Мақомоти олии идоракунии парки технологӣ шӯрои машваратии Парки технологӣ мебошад. Раиси шӯрои машваратӣ  ректори донишгоҳ мебошад. Директори парки технологӣ аъзои шӯрои машваратӣ ҳамчунин муовини раиси шӯро ба ҳисоб меравад. Намояндагонии мақомоти гумрук, андоз, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти давлатии иҷроияи шаҳри Душанбе ва дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба шӯрои машваратии парки технологӣ аз ҷониби раиси шӯро ё директори парки технологӣ на кам аз як маротиба дар як сол даъват карда мешаванд. Маҷлисҳои шӯрои машваратии ғайринавбатӣ метавонанд бо салоҳдиди худи сардори шӯро ё бо дархости директори парки технологӣ даъват карда шаванд.

 

Мақсадҳои асосии парки технологӣ инҳоянд:

- амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи технологияи муосир;

- мусоидат намудан ба пешрафти технологияи муосир ва омӯзишӣ;

- татбиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиш, илм ва технология;

- мусоидат дар бунёди усулҳои навин ва муосири технологияи истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазифаҳои асосии парки технологӣ инҳоянд:

- мусоидат намудан ба раванди воридоти технологияҳои муосир ва пайдо намудани усулҳои навгонии иқтисодӣ;

- мусоидат намудан дар татбиқи таҳқиқоти бунёдӣ, амалӣ дар истеҳсолот, ҷорӣ кардани таҳияҳои кормандону донишҷӯён ва унвонҷӯён ба корҳои истеҳсолӣ;

- мусоидат намудан дар таъмини дастрасӣ ба навгониҳои муосир дар раванди омӯзиш ва тарбия;

- баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён, унвонҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон дар соҳаи технологияи муосир.

 

Моликияти  парки технологиро инҳо ташкил медиҳанд: фондҳои асосӣ, маблағҳои гардон, инчунин дигар маблағҳои молиявие, ки дар баланси муҳосибавии  парки технологӣ инъикос карда мешаванд.

Пардохтҳои ихтиёрии пулӣ ва саҳмияҳои дигар, хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ҷумҳурӣ аз он ҷумла аз ҷониби муассис, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии кишварҳои хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои парки технологӣ.

 

Воҳидҳои сохтории парки технологӣ дар сохтори парк, ки дар шакли ҷадвал таҳия карда шудааст, иникос ёфтаанд. Бо пешниҳоди директори он дар асоси қарори шӯрои олимони донишгоҳ ба сохтори парки технологӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

Барои ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ парки технологӣ метавонад фаъолияти зеринро анҷом диҳад:

- равона намудани нерӯи илмии устодон, ходимони олмӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни истеҳсоли маводҳо ба талаботи муосир мувофиқбуда;

- ҷалб намудани коршиносони (экспертҳои) мустақил, олимон-тадқиқгарон, ходимони ҷамъиятӣ бо мақсади андешидани тадбирҳо оиди омӯзиш ва истифодаи технологияҳои пешқадам;

- таъсис додани марказҳои омӯзондан ба усулҳои тиҷоратӣ (бизнес-инкубатор) барои донишҷӯён, унвонҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон;

- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи муосир муосир дар истеҳсолу омӯзиш;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои  омӯзишӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;

- доир намудани конференсия, конгрессҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва иштирок дар онҳо;

- ба сафарҳои хизматӣ фиристодани мутахассисон  ва кормандони Парки технологӣ барои таҳсил намудан ва мубодилаи таҷриба гирифтан дар соҳаҳои истеҳсолӣ, технологияи муосир ва омӯзиш;

- харидорӣ намудани ҳуқуқҳои зеҳнӣ (авторские права) ба намудҳои истеҳсолӣ, барномавӣ ва технологӣ (ноу-хау) аз манбаъҳои дорои онҳо ва новобаста аз шакли моликият;

- гзаронидани амалиёти сохтмонӣ, хариду фурӯш, илмию таҳқиқотӣ барои васеъ намудани мақсадҳои хос;

- таъсис додани хадамоти навбатӣ (сервисное обслуживание), хадамоти пас аз фурӯш (постсервисное обслуживание) ва марказҳои гузаронидани онҳобо хусусияти фурӯши маҳсулоти парки технологӣ;

- ҷалб намудани донишҷӯёну унвонҷӯён ва профессорону омӯзгорон барои ҳамгироии илму истеҳсолот, реклама, корҳои чопӣ ва маркетинг;

-гирифтани ҳама гунна иттилоот, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳама гунна манбаъҳои аз шакли моликият новобаста;

- ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавӣ бо дигар шахсони ҳуқуқӣ, давлатӣ ва ғайра, инчунин анҷом додани дигар амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавии фаъолият, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои асосии парки технологӣ мусоидат мекунанд.

Суроғаи ҳуқуқии мақомоти роҳбарикунандаи доимо амалкунандаи Парки технологӣ: 734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121.

 

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru