• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Идомаи таҳсили хатмкардагон дар хориҷи мамлакат

Имрӯзҳо давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кушиши  худро ба он равона месозад, ки  ҳама шароитҳоро барои ҷавонон муҳайё созад, то ки онҳо тавонанд соҳиби маълумоти сатҳи байналмилалӣ бошанд. Дар ин робита,  намошгоҳ - ярмаркаи  3-юми соҳаи маориф, ки  моҳи марти соли равон дар пойтахти ватанамон – шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 22 намояндагии Донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия  барои  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида буд, аз ҳамкориҳои  пайвастаи  ду  кишвари  бо  ҳам  дӯст  шаҳодат медиҳад.

Робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ низ  дар мувофиқа бо Вазоати маориф ва илми ҶТ ва ҳамкорӣ бо Донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳамасола донишҷӯёнро барои таҳсил  сафарбар менамояд.  Аз ҷумла, соли  ҷорӣ дар асоси шартномаи баимзорасидаи дуҷониба, донишҷӯёни зинаи  бакалаври  Донишгоҳ дар озмуни навбатӣ ширкат варзида, 18 - нафар ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томск (ФР) ,  7-нафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқордистон  (ФР),  2-нафар  ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Псков (ФР) ва 1-нафар ба  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Екатеринбург  қабул гардиданд.
Роҳбарияти  Донишгоҳ  умедвор аст, ки  донишҷӯён  соҳиби маълумоти  мукаммал  гардида, баъди бозгашт ба Ватани маҳбуби худ содиқона хизмат менамоянд.

 

 

 

 

Абдуллоева Р

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj