• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Иштироки Президент дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар ДДОТ

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ "Ховар"). - Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави панҷошёнаи онро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта

ва ҷиҳозонида шудааст. Бинои нави донишгоҳи мазкур барои факултаҳои Технология, Роману олмонӣ ва Англисӣ пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ доданд, пештар дар ин донишгоҳ танҳо як факултаи забонҳои хориҷӣ мавҷуд буд. Ҳоло бошад барои ин ҳадаф ду факулта таъсис дода шуда, дар факултаи Англисӣ ҳамзамон шуъбаҳои англисию чинӣ ва англисию кореягӣ низ кушодаанд. Чунонки аён гардид, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои чор сӯйи олам робитаҳои судбахши ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва насли навраси кишвар аз имконот пурсамар истифода бурда, ба омӯзиши забонҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон камар бастаанд.

Дар факултаи Технология барои омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ташкили дурусти дарсҳои он шароити бисёр хуб, аз ҷумла барои омодасозии рассомону тарроҳони либос ва мутахассисони гулдӯзию зардӯзӣ, муҳайё гардидааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии соҳаҳои илму маорифи кишвар ва нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самти фаъолият таҳлилу баррасӣ карда, таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки насли наврасро аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат номид ва талаб намуд, ки барои шарафманд шудан ба ин ҳадафи воло аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва муҳайёшаванда самарбахш истифода баранд.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ бо маҳфили пурсишу посух ва баррасии таклифу пешниҳодҳои ба миён гузошташуда идома ёфт.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj