• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бузургдошти Рӯдакию Мавлоно дар донишгоҳ

Бо ибтикори кафедраи адабиёти тоҷик ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки васеи донишҷӯён маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш декани факултаи филологияи тоҷик Б.Шарифзода устод Рӯдакиро аз шоирони тавоно ва номдори ҷаҳон унвон карда, бузургдошти ӯро амри муҳим ва боиси ифтихор арзёбӣ намуд. Тавре мавсуф изҳор дошт, дар ин ҷамъомад донишманди тоҷик, омӯзгори Донишгоҳи миллӣ М.Зайниддинов ширкат дорад, ки метавонад ба толибилмон пиромуни зиндагинома ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маълумоти муфид ироа намояд.

 

Сипас, мудири кафедраи адабиёти тоҷик М.Қурбонов доир ба ашъори оламгири Маликушшуаро, устоди сухан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯзаи судманд қироат намуд. Дар такя бар қавли ӯ, шеърҳои Рӯдакӣ бо забонҳои мухталифи дунё тарҷума шуда, миёни мардуми рӯи замин маҳбубияти зиёд касб кардааст.

М.Қурбонов дар идомаи суханронии хеш чанде аз байтҳои устод Рӯдакиро тафсир намуд, ки бисёр ҷолиби диққат буд.

Қироати ашъори дилангезу дилчаспи устод Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик маҳфилро боз ҳам хотирмон гардонид.

Дар фарҷом меҳмон М.Зайниддинов дар хусуси ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсу тоҷик андешаҳои хешро баён дошт.

Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи Мавлоно, ки ҳамасола 30-юми сентябр дар Тоҷикистони азизи мо таҷлил мегардад, бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷик ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд. Маҳфилро Б.Шарифзода, декани факултаи филологияи тоҷик, бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба шахсияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва осори ҷовидонаи ӯ изҳори ақида кард. Б.Шарифзода «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро асари безавол ва гаронарзиш унвон намуд, ки тӯли қарнҳо аҳамият ва моҳияташро заррае гум накардааст.

Дар идома мудири кафедраи адабиёти тоҷик М.Қурбонов низ  пиромуни эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ ва мавзӯоти фарогирифтаи онҳо суханронӣ намуд. Ӯ дар тақвияти ақидаи декан дар хусуси «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно изҳор дошт, ки ин асар нотакрор аст ва бисёр боиси фараҳмандист, ки дигар миллатҳо низ онро ҳамчун осори баландмартаба эътироф менамоянд.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, устоди факултаи математика, шоир А.Раззоқ низ баромад карда, чанде аз ғазалҳои хешро қироат намуд, ки дар пайравӣ ба эҷодиёти Мавлоно гуфта шудаанд.

Б.Ҳабибуллоев, омӯзгори кафедраи филологияи тоҷик, низ андешаҳояшро дар хусуси ҷойгоҳи шеъри Мавлоно баён дошт.

Қироати ғазал аз ҷониби донишҷӯён хотимабахши маҳфил гардид.

Зарина Мараҷабова, донишҷӯи соли 1-уми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj