• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Риояи қавоиди дохилидонишгоҳӣ ҳатмист

Қисми тарбияи донишгоҳ доир ба риояи Дастурамали сару либоси намунавии донишҷӯён ва қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ бо муҳассилини 13 факулта ва кураторони онҳо дар алоҳидагӣ мулоқот баргузор намуд.

Масъулин мақсади асосии вохӯриро боз ҳам беҳтару хубтар шинос намудани донишҷӯён бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва риояи бечунучарои онҳо арзёбӣ карданд.

Дар ҳамоишҳо, ҳамзамон, масъалаҳои иштироки фаъолонаи толибилмон дар раванди таълим, истифодаи адабиёти бадеию иловагӣ, ташрифи ҳамарӯза ба китобхона, ширкат дар озмунҳою семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангию иттилоотӣ, гаравидани ҷавонону донишҷӯён ба равияҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои бегона, тақлид ба шахсони дорои одобу ахлоқи ношоям ва ғайра мавриди муҳокима ва ташреҳ қарор гирифтанд.

 

Дар фарҷоми мулоқотҳо вобаста ба бандҳо ва паҳлӯҳои гуногуни санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ миёни донишҷӯён ва кормандони қисми тарбия суолу ҷавоб сурат гирифт.

Парвина Абдуллоева

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj