• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 









Ҳабибулло  Сатторов,
мудир бахши таҳияи грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 987 82 22 21

 

 


БАХШИ ТАҲИЯИ ГРАНТҲО ВА ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ

Бахши таҳияи грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ соли 2012 таъсис ва  ба фаъолият шурӯъ намудааст. Бахш  фаъолияти худро мувофиқи низомнома ба роҳ монда вазифаи муҳимми ин бахш мусоидат намудан ба таҳия ва пешниҳоди грантҳо, лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби сохторҳои дохилии донишгоҳ ва устодону донишҷӯён ба муассисаҳои молиявии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Дар донишгоҳ айни замон 9 лоиҳа амал карда истодаст, ки 4-и ин  лоиҳа дар соли ҷори аз ҷониби устодони варзида  таҳия  ва пешиниҳод гардиданд.

1.  Историография истории таджикского народа позднего средневековья и нового времени (ХYI началоXX), солҳои иҷроиш 2015 то 2018.

2.  Подготовка будущего учителя технологии к реализации предпринимательской функций профессиональной деятельности, солҳои иҷроиш 2015 то 2018.

3.  Разработка способов стреоселективного превращения гемм-дигалогенциклопропанов в 5-галагонизоксазолы, солҳои иҷроиш 2015 то 2019.

  1. Психолого-дидактические основы формирования элементарных знаний по естественнонаучным дисциплинам учащихся начальных классов, солҳои иҷроиш 2015 то 2019.
  2. Разработка  способов  стреоселективного  превращения гемм-дигалогенциклопропанов в  5-галагонизоксазолы,  2015 - 2019)
  3. Психолого-дидактические основы формирования элементарных знаний по естественнонаучным дисциплинам учащихся начальных классов (2015 – 2019)
  4. Ташкили таҳсилоти инклюзивӣ барои донишҷӯёни имконияти маҳдуди таҳсилотидошта (2014 - 2018)
  5. Баланд бардоштани сифати таълим ва маълумоти омӯзгорони оянда дар асоси маводи таълимӣ-методии комплекси тахассусӣ дар шароити гузариш ба раванд Боллония(2014 - 2018
  6. Муайянсозии мувозинатҳои фазагӣ дар системаи бисёркомпонентаи аз сулфатҳо, карбонатҳо, гидрокарбонатҳо, фиторидҳои натрий вакалсийташкилёфта(2014 - 2018)

Ихтироъкорӣ  ва навоварӣ

Ҳамчунин дар баробари  устодон донишҷӯёни  донишгоҳ низ ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва ихтироотҳо,корҳои илми  дар сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳурияви машѓул мебошанд.

  1. Қурбонова Саодат- донишҷӯи факултаи физика лоиҳаи «Системаи автоматии обёрӣ»-ро пешниҳод намуда дар “бозёфт 2016” соҳиби дипломи дараҷаидуввум гардид гардид.
  2. Ҳоҷиева Шабнам- донишҷӯи факултаи физика лоиҳаи “Истифодаи энергияи мавҷи об ва табдили он ба дигар энергияхо” ро омода намуда, дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои ифтихори гардид.
  3. Валиев Муҳаммадраҳим- донишҷӯи факултаи физика  лоиҳаи «Бартараф намудани мавҷҳои телефони»-ро  таҳия ва пешниҳод намудар дар Озмӯни Ҷумҳуриявии олимони ҷавон « Навовари беҳтарин», ки  бо ташабуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб баргузор гардид сазовори  ҷойи 4 гардид.

Дастаи  олимпии донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамасола олимпиадаи донишҷӯён бо максади:

- муайян намудани донишҷӯёни боистеъдод ва қобилияти зеҳнии баланд дошта ва уҳдабаро, ҷалб кардани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии донишҷӯён;

- барои ба донишҷӯён муҳайё намудани шароитҳо ва имкониятҳо барои дарёфтани дараҷаи минбаъдаи маълумоти олӣ: таҳсил дар магистратура, тайёрӣ ба аспирантура ва ба корхои илмӣ-татқиқотӣ дар ДДОТ;

Дастаи мунтахаби олимпии донишгоҳ ҷиҳати иштирок Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳамасола баргузор мегардад, соли 2017  натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда шуд. Дар озмуни мазкур, ки санаи 10-11  моҳи март баргузор гардид, ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи 12 соҳаи илм вобаста ба самти фаъолияти донишгоҳ ширкат варзида сазовори  ду ҷои ифтихории, дуюм, сеюм ва 2 ифтихорнома гардиданд.

-    Сайомилов Самандар, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих  сазовори ҷои сеюм (роҳбараш Ҳаким Раҷаб).

-   Балаҷонзода Сулаймон, донишҷӯи курси 2-ми факултети физика, сазовори ҷои дуюм (роҳбараш  Сафаралиев Авлиқул).

Ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳ аз рӯи як равия аз 12 фанни таълимӣ тибқи барномаи таълимии таҳияву тасдиқшуда, ҳафтае се маротиба баргузор гардида истодааст.

Маҳфилҳои фаннии донишгоҳ

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ташкили маҳфилҳои илмии донишҷӯён маҳсуб меёбад. Айни замон дар донишгоҳ 64 маҳфили илмию фаннии донишҷӯён амал мекунад. Бо мақсади ҷоннок намудани кори маҳфилҳо аз ҷониби қисми илмӣ фаъолияти маҳфилҳои фаннии донишҷӯён давоми соли таҳсили ҷорӣ чандин бор мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар ҷаласаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нақшаи  кории маҳфилҳои илмии донишҷӯён бо нишон додани номгӯи мавзӯъҳо, вақт ва ҷойи баргузорӣ, маърӯзачӣ ва мутасаддӣ (аз моҳи октябр то моҳи май, ҳар моҳ 2 маротиба) тартиб дода шуда, тибқи он корҳо ба роҳ монда шудаст.

Дар донишгоҳ дар доираи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2014, № 2265 «Дар бораи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ» дар нимсолаи мазкур низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Гурӯҳи кории таҳлилӣ-иттилоотӣ аз ҳисоби кормандон ва устодони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо масъулини факултету кафедраҳо, созмони ҷавонон ва дигар сохторҳои донишгоҳ дар самти ташвиқоту тарѓибот, ҷалби хонандагон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ифтихороти миллӣ корҳоро ташкил ва ҷоннок намуда, дар матбуот вобаста ба ин масъала нашри мақолаҳо ва тавассути  радиову телевизион ташкили вохӯрӣ ва баромадҳои муфидбарои тарбияи дуруст ва ташвиқот дар рӯҳияи илмомӯзи ба роҳ монда шуд.

Конференсияи анъанавии илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён

Конференсияи анъанавии апрелии имсолаи устодону кормандон ва донишҷӯён бахшида ба  “Соли ҷавонон” дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрел то то 23 апрел баргузор мегардад. Бояд зикр кард, ки ҳангоми арзёбии маърӯзаҳо ва муаррифинамоӣ дар бахшҳо аксаран воситаҳои техникӣ истифода шуда, ширкати устодон ва ҳам шогирдон фаъолона бояд бошад. Аз маърӯзаҳои пешниҳод намудаи  устодон аён гашт, ки  мавзуъҳо масъалаҳои актуалии баррасишуда ва  натиҷаи таҳқиқотҳои таҷрибавии онҳо  ба ҳисоб мераванд.

Вазифаҳои хидматӣ:

- банақшагирӣ, иҷроиши босифати корҳои вазифавӣ

- риояи интизоми меҳнат,

- таъмини ҷорӣ ва дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва назорат аз болои иҷроиши онҳо,

- таъмини иштироки васеи ҳайати омӯзгорӣ бо корҳои илмӣ,

- таҳия ва тартиби ҳисоботи нимсола ва солонаи иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар донишкада,

- таъмини иртибот бо маркази ҷумҳуриявии ахбороти илмӣ-техникӣ (МҶАИТ) оид ба пешниҳоди асноди бақайдгирии корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада, санадҳои ахборотӣ дар бораи корҳои иҷрошуда ва анҷомёфта,

- ташкил ва гузаронидани конфренсҳо, озмунҳо,

-таҳия ва ирсоли ҷавобномаҳо ба мактубҳо, муроҷиатнома ва саволномаҳои мақомоти болоӣ.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru