• Таджикский
  • Руский
  • Английский
менюхо
There are no translations available.

 


Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода

ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Телефон: (+ 992 37) 224-13-83
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


 

Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода 22-юми сентябри  соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Маълумоташ олӣ. Оиладор.

Аз соли 1990 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси муҳаққиқ-коромўзи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДТ ба фаъолият шурўъ менамояд.  Солҳои 1991-1994 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил кардааст.  Солҳои 1994-2006 ба ҳайси ассистент ва сармуаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, мудири сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти илмию омўзгорӣ намудааст. Тайи солҳои 2006-2007 ба сифати танзимгари Маркази илмӣ-тадқиқотии Шарқ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад. Солҳои 2007-2009 ба вазифаи мудири шуъбаи интишории Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Аз моҳи ноябри соли 2009 то моҳи ноябри соли 2012 докторанти шуъбаи рўзонаи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  буд.  Давоми солҳои 2012-2017 дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия, мудири шуъбаи аспирантура ва докторантура, профессори кафедраи таърих ва филология, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1-уми сентябри 2017 фаъолияти хешро дар ДДҲБСТ ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик идома бахшида, солҳои 2017-2019 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Соли 1999 дар мавзӯи «Фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро (ибтидои асри ХХ)» рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзўи «Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Ғаффорӣ Н.У. тўли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеъи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад. Мавсуф узви Шўроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўи равияҳои таърихи ватанӣ, таърихи умумӣ, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

Дастовардҳои илмияш аз 4 монография, 4 брошураи илмӣ, 3 китоби илмӣ-оммавӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ иборат мебошад.

Ғаффорӣ Н.У. аз 5-уми феврали соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.

 
free pokerfree poker

 


 

Полная имя: Таджикский государственный педагогический Университет

имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj