• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маълумотнома

доир ба фаъолияти кории

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ 3-юми декабри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба ҳайси лаборант, муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт. Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1990-1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз соли 1992 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999), ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999-2001) фаъолият доштааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2001 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 10 январи соли 2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва соли 2012 бо амри Президенти Тоҷикистон ба вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин шудааст. Мавсуф аз 15-уми декабри соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ доктори илмҳои филология (2002), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008) мебошад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru