• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Созишномаи ҳамкорӣ

Аз  16.01.2016  созишнома  бо   ташкилоти   Миссияи Шарқ  созишнома  ба имзо расид,  ки  таҳти   унвони    «Фаро гирифтани   кӯдакони   имконияти маҳдуд  ба мактаб»  семинар  бо  мутахассисони ин соҳа  гузаронида  мешавад.

Ҳамасола   хатмкунандагони  зинаи  бакалавриат  тибқи  озмун  ба Донишгоҳҳои   Федератсияи  Россия   қабул  мегарданд.   Боиси  қайд аст, ки   56 нафар  магистрон  айни  ҳол  дар донишгоҳҳои    шаҳри Уфа,  Псков,   Санкт-Петербург,  Алтай   ва Томск   таҳсил  менамоянд.

Чун донишгоҳ   узви  донишгоҳҳои ҳамкориҳои  Шанхай  мебошад,   2  нафар магистрони кафедраи  равоншинос   Давлатов  Фазлиддин  ва   Маҳмудова Ганҷина   тибқи шартномаи баимзорасида   дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Бошқордистон  ба  номи  М.Акмулло  ба   мӯҳлати 1 сол нимсолаи  2-юм  ва  3-юм  бомуваффақият  таҳсил намуда,  баргаштанд.

Дар  назди факултети забони англис   маркази  фарҳангии  Корея  амал мекунад,  ки дар он   мутахассисони  варзидаи  Ҷумҳурии  Корея – Ким Юнг Вон,  Канг  Сеу Ҷо,  Парк  Е  Ҷонг,  Чо  Ҷун  Ҳо    ба донишҷӯён  забони   кореяг   меомӯзанд.  Ба  6 нафар  донишҷӯён   муяссар гардид, ки  тибқи  шартномаи   баимзорасида   бо Донишгоҳи  Чонбук     соҳиби    роҳхат шуда.      ба муддати 1 сол   ба ин донишгоҳ   сафар  намуда,   таҳсили илм  намоянд.

Илова  ба  ин,   омӯзгорон   аз   Ҷумҳурии  Халқии Хитой   - Ҷанг Лей ва   Янг Ҷиҳонг  ба   донишҷӯён   забони чин   меомӯзанд.  Донишҷӯён  бо мақсади ғолиб омадан    дар озмуни    «Пӯли  забони  чин»  фаъолона  ширкат  меварзанд,    ки  аз  ҷониби  Маркази фарҳангии  Конфутсия   дастгир карда мешавад.

Донишҷӯёни забонҳои кореягӣ  ва хитоӣ  дар  чорабиниҳои фарҳангии  донишгоҳ   фаъолона   ширкат   варзида , бо забони хитоӣ   ва кореягӣ   суруд  ва  рақс  мекунанд.

Соли  2013  ҷониби   лоиҳаи  ТИКА ,  Ҷумҳурии  Туркия           ба  донишгоҳ таҷҳизоти модд –техник дар  ҳаҷми  45000 доллари амрико   кӯмак  намуд.

Соли   2015   аз  ҷониби  Фонди тараққиёт  ва  сулҳи Хитой  ба  донишгоҳ бо маблағи  320 000  доллари амрико   кӯмаки  молиявӣ расонида  шуд, ки дар  13  факултет  синфхонаҳои фаннӣ    бо компютеру  принтерҳо   ва дигар  воҳидҳои сохтор   бо воситаҳои    техники зарурӣ    таъмин гардиданд. Ҳамчунин  аз   ҳисоби  маблағҳои ҷудошудаи   фонди мазкур  барои  матбааи донишгоҳ  1 адад   принтери ранга,  1 адад ноутбук,   1 адад компютер,  термоклей, резограф  харидор  карда шуд.

Соли   2015   бошад,  ҷониби   лоиҳаи  ТИКА ,  Ҷумҳурии  Туркия  дар  донишгоҳ бо   маблағи  25000 доллари амрико  китобхонаи электронӣ   кушода шуд.

Аз  ҷониби   лоиҳаи  ТЕМПУС (ЕДЮКА)  бо  маблағи  2400  Евро  ба донишгоҳ   сервер харидор  гардид.

Аз  ҷониби   лоиҳаи  ТЕМПУС (МЕДИАТЕ)  бо  маблағи 15530  Евро  синфхона  бо 15 компютер   таҷҳизонида  шуд.

Ҳамасола    мутахассисони  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Бошқордистон  ба  номи М.Акмулло  -  Иван Михайлович  Борисов  (соли 2014) ва Зарипова Зулфия  Ангамовна   (соли 2014  ва  2016)  ба   донишгоҳ  ташриф  оварда,  бо  омӯзгорон  курсҳои такмили  ихтисос  гузаштанд,    ки  20  нафар соҳиби   шаҳодатномаҳои  Вазорати маориф ва илми  Федератсияи  Россия   гардиданд.

Илова ба ин,  сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии  Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  Бошқордистон ба  номи М. Акмулло –Бурангулов   Эмил  Раупович  соли 2016   ба  хотири    густариши  ҳамкориҳо ба донишгоҳ   ташриф овард,   ки     дар  давоми сафари худ бо донишҷӯёни  факултетҳои забони англисӣ ва  забон ва  адабиёти рус  мастер класс гузаронид.

Ҳамасола   омӯзгорони   донишгоҳ   кӯшиш   ба харҷ медиҳанд,    грантҳои  омӯзиширо    соҳиб   гардида,  бо   мақсади  курсҳои   такмили   ихтисос  ба  хориҷи  кишвар   сафар менамоянд.

Самти   фаъолияти   шуъба   асосан   бо ҳамкор  бо ташкилоту   созмонҳои  хориҷӣ,   ба  роҳ мондани шартномаҳои ҳамкорӣ   бо   донишкадаву   донишгоҳҳои  хориҷи  кишвар,   таъмин намудани  шаҳрвандони хориҷӣ   бо раводид  ва  бақайдгирии   макони зист,   иштирок  дар  семинар,  конференсия  ва симпозиумҳои   сатҳи байналмилал,  дар  мувофиқа  бо  Вазорати маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба   такмили  курсҳои   ихтисос  фиристодани  омӯзгорон   ва донишҷӯён  (грантҳои   таҳсил),   назорати манзилҳои  макони зисти донишҷӯёни   хориҷ, назорати   давомоти донишҷӯёни хориҷ     равона  карда шудааст.

Айни  ҳол,  шуъба  тамоми  нерӯи  худро   ба  он  сарф  карда истодааст,  ки   дар  озмуне,  ки аз  ҷониби   Иттиҳоди Аврупо  барои  дарёфти  грант  эълон намудааст,  иштирок  намуда,   дар  ҳамкор бо шарикони аврупо   барномаҳои   таълим, курсҳои  такмили ихтисоси кормандону  донишҷӯёнро   ба роҳ монад.

Омӯзгороне,   ки   соли  2014   барои такмили ихтисос  ба  Ҷумҳурии  Халқии Хитой  сафар намуданд: Сайидхоҷаева  Тахмина  ва  Шодмонова Дилхоҳ.

Аз  ҳисоби донишҷӯён бошад,  танҳо дар соли   таҳсили 2015-2016  20  нафар    курси    3  ва  4  дар донишгоҳҳои бонуфузи  Хитой ва Корея    бомуваффақият   таҳсил  намуда,   баргаштанд.

Ихтисоси  ҳамгирои    омӯзгори  забони англисӣ ва  хитоӣ  аз соли  2013  то инҷониб  дар заминаи факултети забони англисӣ фаъолият мекунад.  Айни ҳол  дар факултет  90  нафар донишӯён  (курси 1 -  28 нафар, курси 2- 34 –нафар ва курси 3-28 нафар) таҳсил карда  истодаанд.  Дар ин  муддат ба  донишҷӯён  омӯзгорони  собиқадори  соҳибзабон  Тиан Ху ва Ҷанг Ли  дарс  гуфта истодаанд. Таҳсили донишҷӯён ва  ба омӯзгор таъмин намудани онҳо тибқи шартномаи байни ДДОТ  ба номи Садриддин  Айн  ва  Маркази  таълимию фарҳангии  Конфутсияи ДМТ амал карда мешавад.

Инчунин  дар муддати фаъолияти ин Шартнома  4 нафар омӯзгорони  факултет аз ҷумла ,  Байдуллоев А., Дуллоев М.  муддати  1-моҳ,  Шодмонова Д. ва Саидхоҷаева Т. Муддати 1-сол  дар курсҳои забономӯз дар  Ҷумҳурии  мардумии Чин  қарор доштанд.

Боиси зикр аст, ки  донишҷӯёни мо  дар озмунҳои  сатҳи Ҷумҳурияв  ва пешвози меҳмонони  гиром  иштироки фаъол намудаанд.  Дар озмунҳо ҷойҳои  намоёнро низ ишғол намудаанд.  Ҳоло бошад, шогирдон  ҷиҳати  озмуни навбат   барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои  маъруфи  Ҷумҳурии   мардумии  Чин омодагӣ   дида истодаанд.

Боиси ифтихор  аст, ки бо ташаббуси  Раёсати донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати   забони  чинӣ  дар заминаи  факултети забони англисӣ ташкил карда  шудааст.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru