• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Посухи раёсати донишгоҳ ба гузоришҳои иғвоангезонаи ВАО

Мехостем дар бораи як гузориши саропо туҳмат ва ҳуққабозонаи Радиои «Озодӣ» изҳори назар кунем, ки он бо супориши «хоҷагони бузургаш», ғаразнок сурат гирифта, аз ҷониби шумо бе санҷиш ва таҳқиқи амиқ интишор ёфтааст, маълумот манзур намоем.
Шумо дар шумораи расонаатон «Дар бораи сабақгардонӣ дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгори  Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» мавод чоп карда,

сарчашмаи онро санҷидан намехоҳед ва ҳар гуна таҳқирро дар ҳаққи як шахсияти шинохта, ки дар муддати се сол Донишгоҳро ба куллӣ пеш бурд, носазо ҳарф мезанед.

 

Аввалан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» рӯзноманигорони шумо бояд бо мактуби хаттӣ ба роҳбарияти Донишгоҳ муроҷиат менамуданд ва бо ҳамаи санадҳо шинос шуда, сипас, гузориши худро ба маърази умум мегузоштанд.
Дигар ин ки онҳо бояд ба Донишгоҳ омада, бо Ректор ва ё ноиби Ректор оид ба таълим вомехӯрданд ва доир ба ин масъала суҳбат намуда, пасон, назарашонро ба аҳли ҷомеа иброз медоштанд. Мутаассифона, рӯзноманигорони шумо, ки ҳунари иғвоангезӣ доранд, шуҳратхоҳонанд, аз ҳисоби номи дигарон маъруф шудан мехоҳанд ва намедонанд, ки барои ба мартабае расидан даҳҳо дараҷаю зинаро тай намудан зарур аст. Онҳо бе назарсанҷӣ ва ошно шудан ба маводҳои меъёрӣ, ки пояи ҳуқуқӣ надорад ва танҳо аз шунидаву бофтаҳои ғаразноки дигарон, ки шояд «бо хоҳиш ва фармоиши шахсони донишгоҳӣ ва ё беруна» таълиф шуда бошад, дар ҳаққи Ректор ва Донишгоҳи мо гузориш пахш кардаанд.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми августи соли 2014 доир гардидааст, якчанд лоиҳаи низомномаҳои намунавӣ (аниқаш 11 Низомнома) барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки яке аз онҳо «Низомнома дар бораи сабақагардонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад (барои рӯзноманигорони шумо ва зумраи ҳангоматалабон замима мешавад).
Дар миёни қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2014, №18 оид ба баррасии лоиҳаҳои низомномаҳои намунавӣ, ки ба Донишгоҳ ворид шудааст, лоиҳаи «Низомнома оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҷой дорад. Дар банди 2-и ҳамаи қароре, ки ба тасдиқи лоиҳаҳои низомномаҳои дар боло зикргардида, аз ҷумла, лоиҳаи «Низомнома дар бораи сабақгардонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид мешавад, ки «Ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сабақгардонии донишҷӯёнро дар асоси Низомномаи  мазкур ба роҳ монанд» (лоиҳаи Низомномаи мазкур таҳти №18/3 аз 28.08.2014 замима мегардад).
Рӯзноманигорони ҳавобаланд, беодоб, ҳангомаҷӯ ягон меъёри журналистиро риоя накарда, ба ин ҳуҷҷатҳо ошно нашуда, мазмуни онҳоро надониста, ба туҳматзанӣ ва паст кардани шарафи шахс машғул шудаанд. Барои мисол, дар  боби дуюм, бандҳои 4,5,6,7,8-и лоиҳаи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илм тартиби сабақгардонии донишҷӯён ва дар бандҳои 9,10,11-и ҳамин лоиҳаи Низомнома маблағи сабақгардонӣ ва тақсимоти он нишон дода шудааст.
Пеш аз он  ки  аз ин лоиҳаи Низомнома иқтибос биёрем, боз ба рӯзноманигорони шумо расонидаем, ки дар банди 11, сархати дуюми «Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст (аз 03.03.2014, №145), омадааст: «Вазорати маориф ва илм дар доираи ваколатҳои худ вобаста ба соҳаи маориф фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад».
Дар асоси ин банд муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ», ки муассисаш бевосита Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳар як санади меъёриро бояд бечуну чаро иҷро намояд ва аз рафти иҷрои он ба Вазорат маълумот манзур гардонид. Аз тарафи дигар гӯем ин супориши Вазорат ба таъхир афтода, то ҳол иҷро нашудааст. Ин талаби меъёрие ҳаст, ки рӯзноманигори шуҳратхоҳ онро бояд донад ё бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шинос бошад ва агар шинос набошад, ҳатман бояд кӯшиш кунад, ки тавассути мактуб ё аз Вазорат ё аз Донишгоҳ дархост намуда, онҳоро дастрас гардонад ва ҳамчун асос истифода барад. Боиси таассуф аст, ки рӯзноманигор ин амали вазифавӣ ва касбии худро иҷро накарда, дигар нашрияҳо ва сайтҳои иттилоотӣ бошанд, хабари нодурусти Радиои «Озодӣ»-ро «дастак» карда, ҳангомае эҷод намудаанд, ки ҳеҷ гуна асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надорад.
Акнун бармегардем ба шарҳи бандҳои Низомномае, ки ҳамчун лоиҳа барои баррасӣ пешниҳод шудааст (манзур «Низомнома оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад). Дар банди 5-и Низомномаи мазкур қайд гардидааст: «Сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бинобар сабаби ба дарсшиканӣ роҳ додани онҳо, бо пардохти ҳаҷми муайяни маблағ барои як соати академӣ, ки дар асоси пешниҳоди садорати факултетҳо бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад».
Дар банди 9 омадааст: «Ҳаҷми маблағи сабақгардонӣ барои як соати академӣ аз рӯи самт (ихтисос)-и амалкунанда тибқи талаботи банди 5-и Низомномаи мазкур аз тарафи садорати факултаҳо муқаррар карда шуда, дар асоси пешниҳоди онҳо бо қарори Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда мешавад».
Ҳамчунон низоми кредитии таҳсилот, ки қариб дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла, Донишгоҳи мо амал мекунад, якчанд меъёри пардохти маблағро аз ҷониби донишҷӯён муқаррар кардааст. Барои мисол, аз донишҷӯёне, ки талаботи барномаи таълимии фанро  дар доираи 0-49% иҷро кардаанд, ё аз имтиҳони ҷорӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, дар асоси ҳаҷми меъёри муқаррарнамудаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маблағ месупоранд. Дар аксар кишварҳо, аз ҷумла, дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар давраи триместр (семестри иловагӣ) сабақгардонии пулакӣ ҷорӣ мебошад ва ин ин амал кашфиёти нав нест. Ин «ҳангома» аз бесаводӣ, тангназарӣ ва нодонии худи рӯзноманигорон сар задааст. Донишҷӯёни имрӯза бошад, ин низомро хуб қабул намудаанд ва хушбахтона, он самараи нек ҳам ба бор овардааст.
Ба иттиллои Шумо расонданием, ки Раёсати Донишгоҳи мо дар асоси бандҳои дар боло зикргардида лоиҳаи «Низомнома оид ба сабақгардониии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»-ро таҳия намуда, барои муҳокима дар миёни донишҷӯён пешниҳод гардонидааст. Маҳз дар пояи ин ҳуҷҷати Вазорат фармоиши Ректор (18.11.214, №385-ОД) доир ба арзёбии лоиҳаи ин Низомнома дар гурӯҳҳои академӣ ба тасвиб расида, ҳоло дар ҳолати омӯзиш қарор дорад. Мутобиқи Оинномаи Донишгоҳ донишҷӯ ҳуқуқ дорад, ки дархосту пешниҳодҳои худро доир ба ҳар як санад, аз ҷумла, нисбат ба ҳуҷҷати мазкур баён созад. Дар сурати дастгирӣ наёфтан аз ҷониби донишҷӯён санади мазкур қабул карда намешавад ва то ҳол дар ин бора ҳеҷ гуна ҳуҷҷати ҳуқуқӣ қабул нашудааст, ки боиси ҳангомаи шумо гардида бошад. Баробари ин ҳуҷҷати меъёрӣ тибқи Оинномаи Донишгоҳ ҳамон вақт мақоми ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ки қарори Шӯрои олимон доир ба он ба тасвиб расида, фармоиши ректор оид ба амалӣ гардидани қарори Шӯрои олимон ба имзо расида бошад. Аммо рӯзноманигорони мо ин паҳлӯи масъаларо низ таҳқиқ накарда, бесос ва ғаразнок гузориш пахш карданд. Ҳаминро низ рӯзноманигорони «туҳфагир» нодида гирифта, бо ҳуҷҷатҳо шинос нашуда, барои аз гузориш мукофот гирифтан ин амалро иҷро карданд, ки ин ҳама аз рӯи одобӣ журналистӣ нест.
Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиши рӯзноманигорон гардидааст, омӯхтани таҷрибаи пешқадами дигар кишварҳо дар самти таҳсилот мебошад. Ба маълумоти шумо расониданием, ки Ректор ва дигар масъулони Донишгоҳ баъд аз ҳар сафари хориҷиашон оид ба дастовардҳо, комёбиҳо ва муваффақиятҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар ҷаласаҳои назоратӣ ва Раёсати Донишгоҳ гузориш манзур менамоянд (Рӯзноманигорони хоҳишманд, метавонанд, бо ин протоколҳо шинос шаванд). Аз ҷумла, баъди сафари кориашон аз Беларус Ректори Донишгоҳ доир ба дастовардҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар маълумот манзур намуданд ва як қатор сабабҳо ва омилҳои беҳтар гардонидани сифати таълимро дар низоми таҳсилоти ин мамлакат қайд карданд. Сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус низ аз ҷумлаи ҳамон таъкидҳои Ректори  Донишгоҳ доир ба беҳтар шудани давомот ва сифати таълим буд. Шояд Вазорати маориф ва илм низ дар асоси талаботи низоми кредитии таҳсилот ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои ИДМ лоиҳаи Низомномаи фавқро таҳия ва барои баррасӣ ба донишгоҳҳо фиристода бошад. (маводи аз Донишгоҳи давлатии педагогии Беларус ба номи М.Танк овардашуда доир ба сабақгардонии донишҷӯён (Нархнома (прейскурант)-и ҳаҷми бартараф намудани қарзи академӣ, аз ҷумла, сабақгардонӣ барои профессор – 156700, барои дотсент – 106900, барои муаллими калон – 83300 ва барои ассистент – 65200 рубли беларусӣ муқаррар шудааст) замима мегардад, метавонед бо онҳо низ шинос шавед). Ё худ баъди сафари кориашон аз Бошқирдистон (Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии педагогии Бошқирдистон ба номи М. Акмулла) Ректори муҳтарам тарҳи мизҳои компютериро барои китобхонаи электронии Донишгоҳ тавассути Парки технологии муассисамон тайёр намуданд, ки имрӯз дар хидмати омӯзгорону донишҷӯён қарор доранд.
Шумо, рӯзноманигорони саросема, бо ин хизмати хирсонаатон мушкилоти моро то андозае осон кардед. Овозаи қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ боис шуд, ки давомоти донишҷӯён дар гуруҳҳои академӣ аз 95% зиёд шуда, ҳолатҳои бесабаб дарсшикании донишҷӯён тадриҷан камтар гардида, донишҷӯёни сустхон бештар барои сабақгардонӣ ба омӯзгорони кафедраҳо бе пардохти маблағ муроҷиат карда истодаанд. Шумо метавонед бо ҳамаи протоколҳое, ки вобаста ба ин масъала алоқаманд мебошанд, дар Раёсати таълим шинос шавед, ҳатто, бо маълумоти оморӣ ва эҳсоявие, ки аз моҳи сентябр то ба имрӯз аз ҷониби раёсати мазкур ба даст оварда шудааст, шинос шуда, тафовутро аз рӯи ин нишондиҳандаҳо худатон қазоват кунед.
Хоҳишмандем, ки ин масъаларо дар расонаатон баррасӣ карда, аз натиҷааш моро огоҳ намоед.
Замимаҳо: 1.Нусхаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2.Лоиҳа «Низомнома намунавӣ оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ». 3.Фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз 18.11.2014, №685-ОД Дар бораи мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор додани лоиҳаи «Низомнома оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ». 4.Лоиҳаи «Низомнома оид ба сабақгардонии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ». 5.Ҳуҷҷатҳое, ки аз Донишгоҳи давлатии педагогии Беларус мебошанд.


Бо эҳтиром,
ноиби ректор оид ба таълим                                    М. Нарзуллоев,

ноиби ректор оид ба тарбия                                     И. Аминов,

сардори раёсати таълим                                            И. Сулаймонов,

декани факултети таърих                                          Н. Убайдуллоев,

раиси Кумитаи иттифоқи касабаи
ҳайати профессорону омӯзгорон
ва кормандони Донишгоҳ                                        М. Буриев

Мудири бахши ҳуқуқии Донишгоҳ                         Д. Назаров

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj