• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маълумотнома

Хобгоҳи кормандон ва донишҷўёни (минбаъд хобгоҳ) қисми таркибии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон (минбаъд Донишгоҳ) ба номи Садриддин Айнӣ буда,  зери тобеияти пурра ва қатъии он мебошад. Хобгоҳ ташкилоти маблағгузор буда, фаъолияташ дар асоси шароитҳои нави иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Барои зист дар хобгоҳ маблағи муайяни накдӣ пардохт мешавад. Андозаи он аз ҷониби Шўрои олимони Донишгоҳ муайян карда мешавад. Маблағи пардохти зист мувофиқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳ ба хазинаи Донишгоҳ супорида  мешавад.Сарфи маблағ барои боздошти вазъи маишӣ ва нигаҳдории хобгоҳ дар асоси харҷнома ба роҳ монда мешавад. Хобгоҳ барои зисти кормандон ва донишҷўёне, ки аз кишварҳои хориҷа ва нохияҳои дурдасти ҷумҳури омадаанд ва ба ҷои хоб эҳтиёҷ доранд, пешбини шудааст. Барои тартиб додани санадҳо, маълумотҳо, баҳисобгирии амволи дохилӣ, ҳисобдиҳӣ ва дигар амалиётҳо хобгоҳ ҳақ дорад мўҳр ва штампи худро дошта бошад. Мутобиқи талаботи моддаи 85 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони истиқоматӣ дар хобгоҳи донишгоҳ дар давраи таҳсил дода мешавад. Дар асоси додани ҷои зист дар хобгоҳ ба донишҷў барои банд кардани ҳуҷра ба мўҳлати як сол дода мешавад. Таъмин намудан бо хобгоҳ дар асоси аризаи хоҳишмандон бо иҷозати муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва Кумитаи иттифоқи касаба дар оғози соли хониш аз 25 август то 25 сентябр сурат мегирад, баъд аз гирифтани рухсатнома (ордер) бесабаб ҳозир нашудан ба хобгоҳ дар мўҳлати як ҳафта рухсатнома (ордер) беэътибор дониста мешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки ба хориҷшавии донишҷў аз донишгоҳ монеъ мешавад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru