• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дар Рӯзи модар-«Канӣ, духтарон!»

Ба ифтихори Рӯзи модар дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова озмуни «Канӣ, духтарон!» баргузор гардид.

Дар оғоз роҳбари Шӯрои духтарони коллеҷ Фирӯза Раҷабова баромад намуда, доир ба бузургии Зан-Модар суханҳои судманд ироа кард. Мавсуф зикр намуд, ки озмуни «Канӣ, духтарон!» аз рӯи шартҳои зерин баргузор мешавад: қироати шеър, саволнома, печонидани кӯдак, гузаронидани ришта аз сӯзан, реза кардани сабзӣ, тайёр намудани хуриш ва ороиши дастархон.

Бояд тазаккур дод, ки дар озмун аз ҳар кафедра як нафар ширкат варзид. Асосан, иштироккунандагонро донишҷӯёни бахши якум ташкил медоданд. Дар ҷараёни озмун ҳамаи донишҷӯён фаъолияти назаррас нишон дода тавонистанд. Аммо бояд қайд намуд, ки донишҷӯи бахши якуми кафедраи забони англисӣ Махфират Муродова аз уҳдаи иҷрои тамоми шартҳо фаъолона баромад. Дар фарҷоми озмун ҳакамон ӯро ғолиби озмун эълон карданд. Аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шукрулло Давлатов,

раиси шуъбаи

ҷавонони коллеҷ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj