• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бозор Собир:  Ғазал жанри куҳнаю фарсуда аст

Дар толори фарҳангӣ маҳфили шеъри шоири маъруфи тоҷик, тасвиргари дарду армонҳои миллат Бозор Собир баргузор шуд, ки дар он, ҳамчунин,  шоири тавоно Низом Қосим ва сарояндаи маҳбуби қалбҳо Саидқул Билолов ширкат варзиданд.

Дар оғоз Б.Собир шеъре аз эҷодиёташ қироат карда, дар боби чӣ будани шеър андешаҳои худро иброз намуд. Мавсуф зикр кард, ки шоирӣ истеъдоди худодод нест, балки ҳар як шахс метавонад дар натиҷаи омӯхтан ба шеъргӯӣ муваффақ шавад. Ҳатто, байти машҳури Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ «Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз, Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст»-ро ғалат унвон кард.

- Шахсе, ки ба шеър сару кор мегирад ва одат мекунад, дигар аз он дил канда наметавонад ва як умр бо шеър зиндагӣ мекунад. Фаразан, агар дар маҳфиле ду шахс, яке зебо ва дигаре зишт нишаста бошанд ва нафари зишт шеърдону суханфаҳм бошаду одами зебо нодон, шеърдонии ҳамон шахс қубҳи ӯро мепӯшонад. Ин муъҷизаи шеър аст. Шеъри имрӯз бояд замонавӣ бошад, зеро жанри ғазал кӯҳнаву фарсуда шудааст ва дар қолаби он ки чанд қофияе беш нест, чизи нав гуфтан ғайриимкон мебошад. Ман аз он мефахрам, ки шеъри имрӯзи тоҷик аз шеъри муосири Эрону Афғонистон беҳтар аст. Дар Аврупо мардум бештар ба наср рӯ меоранд ва шахсони маъруфи онҳо бештар нависандаанд. Шоирон дар Ғарб нисбатан каманд,- бо эҳсосоти баланди шоирӣ зикр кард Бозор Собир.

Донишҷӯён ҳам аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуда, хотири меҳмонро шод гардониданд. Дар маҳфил, инчунин, шоир ба суолҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки ба шеъру шоирӣ ва ҳаёти ӯ дар Амрико иртибот доштанд, посух дод.

Барои болидарӯҳии иштирокдорон Саидқул Билолов аз ашъори шоир сурудҳо хонд ва аз хотираҳои бо шоир доштааш нақл намуд. Вохӯрӣ бисёр ҷолибу хотирмон буд ва дар фарҷом донишҷӯёну устодон бо шоир аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj