• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Озмоишгоҳҳо, устохона ва коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолии Донишгоҳ

1.Озмоишгоҳи «Механика» - ҳадафи таъсиси он ба тарзи амалӣ ба донишҷӯён омӯзонидани қонунҳо ва ҳодисаҳо, инчунин чен намудани параметрҳои физикаи умумӣ аз қисмати механика мебошад.

2.Озмоишгоҳи «Физикаи молекуллавӣ» - мақсад аз таъсис ба тарзи амалӣ, ба донишҷӯён омӯзонидани қонунҳо ва ҳодисаҳо, инчунин андозагирӣ кардани параметрҳои физикаи умумӣ аз қисмати физикаи молекуллавӣ.

3.Озмоишгоҳи «Электрик» - ҳадаф аз таъсис баргузор кардани дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ роҷеъ ба ҳодисаву қонунҳо марбут ба бахши майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ.

4.Озмоишгоҳи «Физикаи атомӣ ва ядроӣ» - ҳадаф аз таъсис ба тарзи амалӣ омӯзонидани қонунҳо ва ҳодисаҳои дохилиатомӣ, ташаккул додани малакаҳои  гузаронидани озмоишгоҳҳои физикӣ мебошад.

5.Озмоишгоҳҳои «Оптика» - ҳадафи он омӯзонидани ҳодисаҳо, қонунҳои рӯшноӣ, ба тарзи амалӣ чен намудани бузургиҳои оптикӣ мебошад.

6.Озмоишгоҳи «Физикаи гармо» - ҳадаф муқаррар ва тадқиқи таҷриба, тадқиқоти илмӣ бурдан оид ба хоситяҳои гармофизикии моддаҳо, гармигузаронии газҳо ва моеъҳо вобаста ба фишор ва ҳаракатҳои баланд, гармигузаронӣ ва гармиғунҷоиши ҷисмҳои сахт аз ҳарорат, гармигузаронӣ ва гармиғунҷоиши маводи донаги аз ҳарорат мебошад.

7.Озмоишгоҳи «Таҷрибаҳои намоишии физикаи мактабӣ» - ҳадаф шинос кардани донишҷӯён-омӯзгорони оянда бо асбобҳо ва таҷрибаҳои намоишии физикаи мактабӣ, методика ва техникаи гузаронидани онҳо, инчунин ташаккул додани малакаҳои ташкилу гузаронидани таҷрибаҳои намоишӣ ва маҳорату малакаҳои касбии омӯзгорони оянда.

8.Озмоишгоҳи «Практикуми физикӣ» - ҳадаф омода кардани донишҷӯён-омӯзгорони оянда барои самаранок ташкил намудан ва  гузаронидани корҳои лаборатории практикуми физикӣ. Такмил додани малакаи касбии омӯзгорон ва ташаккул додани малакаи тадқиқотии донишҷӯён.

9.Озмоишгоҳи таълимии «Радиотехника» - ҳадаф аз таъсис шинос кардани доишҷӯён бо асосҳои назарияи радио ва радиотехника. Ҳамзамон омӯхтани принсипи кории радио ва телевизор, усулҳои таъмири онҳо.

10. Озмоишгоҳи «Физикаи полимерҳо» - ҳадаф аз таъсис шинос намудани донишҷӯёне, ки рағбати кор кардан дар соҳаи тадқиқоти маводи нав, полимерҳо доранд.

11. Озмоишгоҳи таълимии «Электротехника» - ҳадаф аз таъсис шинос намудани донишҷӯён бо асбобҳои ченкунандаи барқ ва истифодаи амалии он дар мавриди иҷрои корҳои лабораторӣ.

12.Устохонаи таълимӣ-илмии «Ихтироъкор» - ҳадаф аз таъсис тавассути истифода аз асбобҳо ва таҷҳизоти мавҷудбуда ҷалб намудани донишҷӯён ба сохтани асбобҳо. Татбиқ кардани донишҳои назариявии худ дар амалия мебошад.

13.Агробиология – боғи агробиолаборатория дар дараи Ромит ҷойгир аст. Дар агробиолаборатория асосан донишҷӯён ва устодони факултаҳои табиатшиносӣ таҷрибаҳои илмӣ-истеҳсолӣ мегузаронанд. Ҳамзамон меваву сабзавоте, ки дар  боғ парвариш карда мешавад бо нархи нисбатан арзон ба устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, дукони сабзавот ва мевафурӯшии назди Донишгоҳ  аз ҳисоби меваву сабзавоти дар боғ парвариш карда таъмин мегардад.

14. Озмоишгоҳи «Омӯзиши системаҳои обӣ-намакӣ, коркарди ашёи минералии табиӣ-техникӣ» - ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ коркарди партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои моеъи саноати истеҳсоли алюминийи заводи ш. Турсунзода, мебошад.

15. Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Химияи пайвастагиҳои металл-органикӣ» - ҳадафи таъсис омӯзиши пайвастагиҳои металлоорганикӣ.

16. Озмоишгоҳи «Химияи органикӣ» - мақсад аз таъсис ба роҳ мондани омӯзиши пайвастагиҳои органикӣ аст.

17. Озмоишгоҳи формасевтӣ (дорутайёркунӣ)соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафи он тайёр кардани мутахассисон ҷиҳати ташхиси биохимиявӣ дар соҳаи тибб.

18. Коргоҳи «Қаноди»- Барои омӯзиши усулҳои коркарди маҳсулоти хӯрока, тайёро

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru