• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

Тавре ки маълум аст, то соли 1940 дар аксари макотиби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон танҳо забони олмонӣ таълим дода мешуд. Ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри гузашта як зумра олимони донишгоҳҳои Русия ва Ӯзбекистон барои беҳтар намудани тарзи таълим ва тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумот ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, ки аз байни онҳо чанде чун омӯзгорони забони олмонӣ ва англисӣ дар донишкадаи омӯзгорӣ кор кардаанд.

Аз соли 1939 сар карда дар назди факултаи таъриху забоншиносии Донишкадаи омӯзгории Душанбе як гурӯҳи таълимӣ бо ихтисоси забони олмонӣ кушода шуд. Соли 1940 факултаи забонҳои хориҷӣ бо як гурӯҳи забони олмонӣ ва як гурӯҳи забони англисӣ таъсис дада шуд, ки дар он ҳамагӣ 21 донишҷӯ ва 5 омӯзгор фаъолият доштаанд. Аввалин декани факулта хонум Сиповская К.А. будааст. Сипас дар солҳои гуногун дар факултаи забонҳои хориҷӣ Венера Гогошидзе (ду дафъа), Ирина Сазонова, Михаил Василев, Иван Яковлев, Анна Соловева, Пётр Бояршников, Парвона Ҷамшедов, Рустам Деҳотӣ, Шокир Мухтор, Хайрулло Сайфуллоев, Раҳима Ҳайдарова, Маҳмадшариф Шоев, Маҳмадрасул Қарахонов, Соқибой Султонов, Ҳобилҷон Зикиров ҳамчун декан иҷрои вазифа намудаанд.

Соли таҳсили 1941-1942 иддаи дигари олимони машҳур аз шаҳрҳои Москва ва Ленинград аз сабаби хатари ҷанг ба ақибгоҳ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар байни онҳо профессор Александров М.Н. низ буд, ки баъдан сарварии кафедраи забонҳои хориҷиро ба ӯҳда гирифтааст.

Аввалин донишҷӯёни забони олмонӣ Александра Калинушкина (солҳои 1941-1945), Валентина Сахарова (1951-1955), Мария Гатитулина-Бурҳонова (солҳои 1953-1957), Вера Макаркина, Саноат Юнусзода, Субҳониддин Маҳкамов, Улуғмурод Бобоев, Роза Миллер (охири солҳои 50-ум) ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Номбаршудагон дар солҳои гуногун дар кафедраи забони олмонӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият намудаанд.

Аввалин омӯзгори тоҷик дар кафедраи забони олмонӣ Раҳим Бурҳонов буд. Номбурда дар солҳои 1941-1943, 1945-1946 ва 1956-1973 (ба ғайр аз сафарҳои махсуси ҳукуматӣ ҳамчун ҷосуси шуравӣ ба Олмон солҳои 1943-1945, 1946-1949, давраи маҳбасӣ ва бекор кардани гуноҳ 1949-1956) ҳамчун саромӯзгор адои вазифа намуда, 4 асари зеринро эҷод кардааст: Грамматикаи мухтасари забони олмонӣ; Фонетикаи забони олмонӣ; Худомӯзи забони олмонӣ; ва Луғати олмонӣ-тоҷикӣ. Асари устод Раҳим Бурҳонов «Луғати олмонӣ-тоҷикӣ» аз 10.000 вожа аз ҷониби шогирдони он кас - Х.Сайфуллоев, А.Сангинов, Н.Шозедов, Б.Арипова ва олими олмонӣ, профессор Лутс Жеҳак дар ҳаҷми 55 ҳазор калимаву ибора такмил ёфта, ба ифтихори 100-солагии Р.Бурҳонов, 20-солагии Истиқлолияти Ҷумурии Тоҷикистон ва 80-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ интишор гардид. Устод Раҳим Бурҳонов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2005 барои хизмати шоён бо ордени «Спитамен» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Соли таҳсили 2016-2017 бо шарофати ба вазифаи декан таъйин шудани дотсент Ҳобилҷон Зикиров факултет симои зоҳирӣ ва ботинии худро дигаргун намуд. Давомот ва азхудкунии донишҷӯён боз хам беҳтар гардид. Маҳфилу клубҳои забонӣ бо ҷалби соҳибзабонон намуди дигар гирифт. Аз ҷумла, аз кишвари Австрия ба ҳайси таҷрибаомӯз соҳибзабонон Юдит Дюрнбергер ва Нима Обаро даъват карда шуданд, ки онҳо дар баробари кори таълимӣ, инчунин дар ташкили клуби мубоҳисавӣ дар партави Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси олии ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2016 (доир ба мавзӯъҳои доғи рӯз: Проблемаҳои оби тоза; Ҷавонони имрӯз дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ; Омӯзиши 2-3 забони хориҷӣ ва технологияи муосир; Рушди туризм дар Тоҷикистон; Ошноӣ бо арзишҳои фарҳании Тоҷикистон ва Австрия ва ғ.) нақши хеле фаъол бозидаанд. Бо ҷидду ҷаҳди хонум Юдит Дюрнбергер донишҷӯёни факултет ҷиҳати ба саҳна гузоштани асари мазҳакавии худ карда дар байни 13 донишгоҳи кишвар ҷойи сеюмро ишғол намудаанд. Алҳол соҳибзабонони номбурда дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ҳамроҳи омӯзгорони тоҷик дар мураттаб сохтани китоби дарсии «Забони олмонӣ» ҳамкорӣ доранд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru