• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Раванди имтиҳонот боз ҳам шаффоф шуд

Дар оғози нишасти матбуотие, ки имрӯз, 8-уми июл, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ректор, академик Носирҷон Салимӣ мухтасар пиромуни фаъолияти таълимгоҳ дар нимсолаи аввал маълумот ироа намуд.

Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, дар маърифатгоҳ Маркази бузурги тестӣ таъсис ёфт, ки имкон дорад дар як вақт ҳудуди 300 нафар тариқи мониторӣ санҷишу имтиҳон супоранд. Ин толор бо камераҳои назоратӣ ва дигар дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст ва бо итминон метавон гуфт, ки раванди баргузории имтиҳонот боз ҳам шаффоф гардиданд. Дар такя бар қавли Н.Салимӣ, соатҳои таълимӣ таҷдиди назар шудаанд ва бо ин васила ҷараёни таълим беҳтар мешавад.

 

Дар нишаст ректор дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар хусуси саҳми омӯзгорони донишгоҳ дар самти ҷилавгирӣ аз пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро, хосса, созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» таъкид дошт, ки раёсати таълимгоҳ дар ин ҷода корҳои тарбиявиро пурзӯр кардааст. Ташкили чорабинию мулоқотҳои судманд бо намояндагони маъруфи мақомоти динии мамлакат, таълиф ва интишори мақолоти ҳушдордиҳанда дар матбуоти даврӣ ва барпонамоии ҳамоишҳои ташреҳотӣ аз қабили корҳоеанд, ки дар ин самт амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, барои он ки муҳассилин бештар бо омӯзиш машғул бошанду дар сарашон андешаҳои ифротгароёна падид наоянд, дар ҷадвали дарсӣ корҳои мустақилонаи донишҷӯён алоҳида дар ҷадвали дарсӣ гузошта шуд. Бо ин минвол аксар вақти толибилмон дар донишгоҳ сипарӣ мешавад.

Н.Салимӣ вобаста ба нашри китобҳои таълимӣ ва бадеӣ изҳор дошт, ки раёсати таълимгоҳ тасмим гирифта, то як силсила китобҳои манфиатбахш ва заруриро ба табъ расонад. Бояд тавре кард, ки арзиши китобҳо ба донишҷӯён дастрас бошад. Бинобар иттилои ректор, алъол дар таълимгоҳ аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор ва соҳибунвон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ба таълиф ва таҳияи донишномаҳои фаннӣ машғул ҳастанд. Масалан, аз фанҳои химия, физика, биология, математика, география, таърих, адабиёт дар алоҳидагӣ донишнома барои донишҷӯён интишор мегардад, ки тамоми маълумотро пиромуни фанҳои мазкур фарогир мешаванд. Ҳаҷми ҳар кадоми онҳо на камтар аз 400 саҳифа хоҳад шуд ва воқеан ҳам, ин корро метавон мондагор ва таърихӣ унвон кард.

Дар идомаи нишаст дар хусуси нашри китоби дарсӣ ва кори тарҷумонӣ сухан гуфта шуд. Зикр гардид, ки мо бояд тарзу услуби тарҷумаи китоби дарсиро омӯзем. Дар ин самт анҷоми баъзе нақшаҳо дар назар аст. Барои мисол метавон гуфт, ки дар оянда хатмкунандагони риштаи магистратура то замоне ки як китобро тарҷума накунанд, ба имтиҳоноти ниҳоӣ роҳ дода нахоҳанд шуд. Дар ин росто ректор бо фараҳмандӣ изҳор намуд, ки як нафар донишҷӯи факултаи забонҳои романӣ-германӣ барои омӯзиши забони франсавӣ китоби дарсӣ навишт ва ин китоб аз ҷониби сафорати Фаронса мақбул маҳсуб ёфт ва барои нашраш маблағгузорӣ шуд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба масоили нарасидани омӯзгорони фанҳои дақиқ, идомаи таҳсил дар зинаи магистратура, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, шаффофияти санҷишу имтиҳонот, дастовардҳои илмии муҳассилин, таҳсил дар риштаи аспирантура ва ғайра дахл намуда, ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj