• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чаро фарзандон носолим мешаванд?

Бо ташаббуси Шӯрои занони донишгоҳ мавзӯи «Никоҳи хешу таборӣ ва зарари он» мизи мудаввар баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Маркази солимии репродуктивӣ ва донишҷӯдухтарони фаъол ширкат варзиданд. Сараввал раиси Шӯрои занон С.Қувватова дар хусуси никоҳи хешутаборӣ ва сабабҳои ба дунё омадани фарзандони носолим маърӯза кард.

Сипас, мудири шуъбаи машваратӣ-тиббӣ барои ҷавонон, номзади илмҳои тиб Дилором Сатторова оид ба гигиенаи шахсӣ сухан ронд. Дар идома мудири шуъбаи солимии репродуктивӣ, номзади илмҳои тиб Олтиной Каримова дар маърӯзааш ба таври мушаххас доир ба издивоҷи хешутаборӣ маълумот дод. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки ҳангоми издивоҷи хешутаборӣ метавонанд фарзандоне ба дунё оянд, ки гирифтори бемории гемофилия бошанд. Ин бемории бениҳоят хатарнок буда, дорандагони он ба синни балоғат нарасида, нобуд шуданашон мумкин аст. Ҳамчунин, издивоҷи хешутаборӣ метавонад сабаби пайдоиши бемории далтонизм шавад.

И.АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj