• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Суботу осоиштагии ҷомеа-вазифаи ҳама

Дар толори фарҳангии донишгоҳ 17-уми сентябри соли равон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо донишҷӯён баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳадафи ташрифи меҳмононро баён кард.

Сипас, Гулнора Бобоева, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи пешрафти соҳаи маориф,

бекоршавии зиёди ақди никоҳ, ҳунару касбазхудкунии занҳо тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат, тадриҷан баланд бардоштани музди омӯзгор ва обрӯву нуфузи эшон дар ҷомеа сухан кард.

 

Мавзӯи нутқи Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги сиёсии ҷавонони парлумон, фарогири дастовардҳои истиқлолият буд. Мавсуф зикр намуд, ки душманон барои пароканданамоии миллат, пеш аз ҳама, аз дохил зарба мезананд, зеро барои нест кардани душмани берунӣ тамоми миллат ба по хеста мубориза мебарад. Зарбаи дохилӣ метавонад роҳандозӣ намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва ё аз байн бурдани забону фарҳанг ва маданияту урфу одат бошад. Миллате, ки забон надорад, арзи ҳастӣ карда наметавонад, барои ҳамин, нисбат ба забону фарҳанг беэътиноӣ зоҳир набояд кард.

Узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Насиба Содиқова аз иштироки ҷавонон дар бозиҳои сиёсӣ изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, айни ҳол дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 500 ҷавони тоҷик иштирок дорад, ки моро ба ташвиш овардааст.

Дар фарҷом донишҷӯён оид ба мушкилоти имрӯзаи ҷавонон дар донишгоҳ ва берун аз он суол намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Илҳоми АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj