• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА

Факултети математика соли 1933 ҳамчун факултети шабонаи физика-математика таъсис ёфта, имрӯз яке аз факултетҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор меравад. Шӯъбаи рӯзонаи факултет (факултети физика-математика) соли 1939 ташкил ёфта, сараввал дар он 42 нафар донишҷӯ таҳсил мекард ва ба онҳо 10 нафар устодон дарс мегуфтанд.

Нахустин декани факултет ва мудири кафедра хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов Азизов Г. А. буд. Вале ӯ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардид. Устодони аввалини факултет Азизов Г.А., Главинский Ф.Ф., Содиқов Ҳ.У., Хаимов Н.Б. ва дигарон буданд. Соли 1970 факултети физика-математика ба ду факултети мустақили физика ва математика ҷудо шуда, соли 1975 дар заминаи онҳо факултети саноатию омӯзгорӣ ташкил карда шуд.

Дар ин давра дар факултет танҳо кафедраи математика фаъолият менамуд. Дар заминаи он кафедраҳои методикаи таълими математика (1961), анализи математикӣ (1969), алгебра, назарияи ададҳо ва математикаи ҳисоббарор (1970), геометрия (1972) ва математикаи ҳисоббарор (1975) таъсис ёфтаанд. Бо кушода шудани ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии маориф (соли 1996) дар назди факултет кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунии маориф» таъсис дода шуд. Баъдан факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф ташкил карда шуд ва кафедраи номбурда ба тобеияти он гузашт.

Кафедраҳои факултет кадрҳои худро асосан аз ҳисоби хатмкунандагони аълохони факултет ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пурра мекарданд. Дар байни онҳо профессорон Осимов Қ.У., Рӯзметов Э., Усмонов Н., Нугмонов М., Қурбоншоев С., Каримова М.М., Азизов М., дотсентҳо Хаимов Н.Б., Хаимова П.Л., Элнатанов Б.А., Давлатов Р., Ҳамидов Б., Амирбеков А., Ҳасанов Б., Менгниязов Ғ., Шерматова Ӯ.К., Ахмедов М., Неъматов Т., Котелникова Р.Н., Маликов Ф., Муродов Б.М., Шарифов Б., Раҷабов Б., Раҷабов Ғ.А., Сатторов А., Чориев У., Ҳасанов С., Бобоев К., Маҳкамов М., Раҷабов Т., Сӯфиев А., Олимов М., Хаимов Б., Хаимов Я., Холиқов А., Ҳамроқулов А., Раҷабов Т., Мусоев М., Алиқулов Р., Мамедова Ҷ., Ҷӯраев М., Эргашева М., Ҳасанов Ю., Қосимова М., Каримзода Ҳ., Нагорев Б.М., Ҷӯрабекова Д., Раҳимов Р.  Норов К ва дигарон буданд.

Барои баланд бардоштани тахассуси касбӣ, дараҷаи илмию назариявии омӯзгорони факултет ҳиссаи олимони умумииттифоқӣ ва ҷумҳурӣ профессорҳо Цевявич В.П., Орленко М.И., Тимман М.Ф., Рам В.Л., Куклес И.С., Доброволский О.В., Михайлов Л.Г., Фридман Л.М., Гусев В.Л., Колягин Ю.М., Мишин В.И., М.Нугмонов, Андронов И.К., Резенфелд Б.А., Бойматов К. ва дигарон хеле калон аст.

Бо зиёд шудани миқдори донишҷӯён сафи устодони факултет низ афзуд ва дараҷаи сифатии онҳо низ баланд  гардид. Агар соли 1939–1940 дар кафедраҳои факултети физика-математика 10 нафар устодон кор мекарда бошанд, соли 1980–1981 танҳо дар факултети математика 71 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмию таълимӣ машғул буданд, ки 48 нафарашон дорои дараҷа  ва унвонҳои илмӣ буданд.

Дар ибтидо корҳои илмию тадқиқотӣ асосан ба назарияи сифатии муодилаҳои дифференсиалӣ (Хаимов Н.Б., Хаимова П.Л., Берлинский А.Н. ва дигарон) бахшида шуда буд. Солҳои 60-ум корҳои илмию тадқиқотӣ роҷеъ ба таълими математика (Фридман Л.М., Осимов Қ.У., Неъматов Т., Котелникова Р.Н., Маликов Ф., Менгниязов Ғ., Шерматова Ӯ. ва дигарон), таърихи математика (Собиров Г., Қодиров А., Бобоев Н., Шарипова М.С., Мамедова Ҷ.А. ва дигарон), анализи математикӣ (Рӯзметов Э.), назарияи ададҳо (Элнатанов Б.А.) оғоз ёфтанд. Минбаъд тадқиқотҳои илмӣ мувофиқи нақшаи муайян амалӣ мегардид. Бинобар ин кафедраҳо равияҳои илмияшонро аз рӯи нақша пеш мебурданд.

Аввалин кафедраи методикаи таълими математика дар факултет соли 1961 кушода шуда буд, ки он вақт «Математикаи элементарӣ ва методикаи таълими он» ном дошт ва баъдтар номи методикаи таълими математикаро гирифт. Кафедра дар тӯли солҳои мавҷудияти худ доир ба масъалаҳои мухталифи таълими математика дар мактабҳои равияҳои гуногун тадқиқот мебарад. Барои пешбурди методикаи таълими математика олимон Фридман Л.М., Осимов Қ.У., Котелникова Р.Н., Неъматов Т., Маликов Ф., Менгниязов Ғ., Шерматова Ӯ., Юнусова Б., Кейлман Э.И. (психологияи таълими математика), Амирбеков А., Холиқов А., Нугмонов М., Ҳасанов С., Ҳасанов Б., Ҳамроқулов А., Раҷабов Т., Маҳкамов М., Сӯфиев А., Сайёдов И., Осимова Л.К., Саидов Ё., Юсупов Ҳ. ва дигарон саҳми босазо гузоштанд. Дар назди кафедра таҳти роҳбарии УВ АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нугмонов М. Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ фаъолият мекунад, ки то имрӯз 12 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби диплом шудаанд.

Доир ба равияи таърихи математика ва таълими унсурҳои он олимон Собиров Г., Шерматова Ӯ., Қодиров А., Бобоев Н., Мамедова Ҷ., Шарипова М.С., Юнусова Б. ва дигарон тадқиқоти илмӣ бурдаанд.

Аз рӯи равияи анализи математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар аввал доир ба назарияи сифатии муодилахои дифференсиалӣ сурат мегирифт. Баъдтар аз рӯи равияи кафедра Ахмедов М., Рӯзметов Э., Усмонов Н., Каримова М.М., Қурбоншоев С., Муродов Б.М., Раҷабов Б., Шарипов Б., Раҳимов Р., Азизов М., Мӯсоев М., Пиров Р., Хаимов Б.Н., Каримов О., Шарипова Р., Абдулҳофизов Ш., Қараев Х., Назаров Ф., Олимов М., Холов Н., Алиқулов Р., Шоҳбозов О., Норов Қ., Саъдуллоева Р., Фозилов С. ва дигарон кор бурда, соҳиби дараҷаҳои илмии гуногун шудаанд. Вазифаи мудирии кафедраро доктори илмҳои физика-математика, профессор Азизов М. ба ӯҳда дорад

Аз рӯи равияи назарияи ададҳо доир ба тақсимшавии ададҳои сода дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо Элнатанов Б.А., Собиров А., Чориев У. кор бурда, дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои физика-математика гаштанд.

Кафедраи геометрия доир ба геометрияи бисёрченака ва топология тадқиқот мебурд ва ҳоло онро идома дода истодааст. Дар ин равия Раҷабов Ғ., Шоимқулов М., Ҳоҷиев М., Ҷӯрабекова Д., Сатторов А., Хаимов Я.Н. ва бархе дигарон кор кардаанд.

Равияи илмии кафедраи Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ (то соли 2012 номи кафедра «Математикаи ҳисоббарор» буд) «Сохтани моделҳои математикии масъалаҳо бо истифодаи компютерҳои муосир» мебошад, ки аз рӯи он давраҳои гуногун Ҷӯраев М., Ҷӯраев Х.Ш., Ҳамидов Б., Бобоев Қ., Қосимова М., Эргашева М., Нагорев Б.М.,   Каримзода Ҳ., Ҳасанов Ю., Узоқов Р. кору тадқиқот мебурданд ва ҳамаи онҳо соҳиби дараҷаи илмӣ гаштаанд. Кормандони илмии кафедра дар солҳои гуногун бо марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаҳо баста, аз рӯи онҳо тадқиқот бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Кафедраи дигар, ки соли 2012 дар заминаи кафедраи математикаи ҳисоббарор таъсис ёфтааст, ҷавон буда, ба факултетҳои донишгоҳ хизмат мерасонад. Мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Латипов С. буда, дар ҳайати он дотсентон Каримзода Ҳ., Ташпулотова Ф., Муҳитдинова С., омӯзгори калон Собирова Г., ассистентон Содиқова Ш., Ҷӯраева Н., Мисоқова Ф., Музаффаров Н. ва котиба Мӯсоева А. кору фаъолият мекунанд.

Ба истиснои равияҳои нишон додашуда олимони факултет бо олимони дигар кишварҳо ҳамкорӣ доранд. Ин ҳамкорӣ бо олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистон низ тақвият дода шудааст.

Барои иҷрои корҳои илмии донишҷӯён ва устодони факултет қариб ҳама шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Дар назди кафедраи математикаи исоббарор озмоишгоҳҳои компютерҳои муосир мавҷуд аст, ки онҳоро донишҷӯён ва устодони факултет ба таври васеъ истифода бурда метавонанд.

Олимони факултет дар табъу нашри асарҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаҳои методӣ барои мактабҳои миёнаю олӣ саҳми арзанда доранд. Аксари онҳо иштирокчиёни симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои математика, математика-информатика, математика-физика,  информатика мутахассисони омӯзгорӣ тайёр карда мешавад.

Ҳоло дар факултет 1398 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 690 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 708  нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru